19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ҲХДТ зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» фаъолият менамояд,- бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ

183
ҲХДТ зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» фаъолият менамояд,- бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ16 март дар Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Стратег»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) бо иштироки Раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозил Обидзода ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Стратег» Хайриддин Усмонзода ҳамоишро кушода, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни фархундаи Наврӯзи ҷаҳонафрӯз муборакбод намуда, Раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагонро муаррифӣ намуд.

Фозил Обидзода зикр кард, ки «дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар низоми идоракунии давлати тоҷикон ва рушди иҷтимоиву иқтисодиву сиёсии он мавқеъ ва нақши ҲХДТ бузург аст. Чунончӣ, ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои муайяншуда, ки аз сиёсати бобарор ва хирадмандонаи Раиси ҲХДТ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, ҲХДТ тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати таъмини ширкат дар рушди устувори ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба ҳар як сокини мамлакат шароити мусоид фароҳам оварад. Ин аст, ки робита миёни ҳизб ва ҷомеа тайи ин солҳо на танҳо устувор гардид, балки сол то сол тақвияту густариш меёбад».

-Дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲХДТ ҳамчун созмони боэътимоди сиёсии мардумӣ аз иҷрои чаҳор вазифае, ки дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, бомуваффақият баромад: якум, хомӯш кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, дуюм, барқарор намудани сулҳу субот, сеюм, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ва чорум, ташаккул додани рукнҳои давлатдории миллии Тоҷикистон. ҲХДТ зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии истиқлолу озодӣ, демократия, волоияти қонун ва баробарҳуқуқӣ собит намуда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ менамояд, -афзуд Фозил Обидзода

Номбурда ҳамзамон гуфт, ки Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон дар доираи масъалаву ҳадафҳои Барномаи ҲХДТ кору фаъолият намуда, дар пешбурди сиёсати созандаи Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаълона ширкат меварзанд. Дар Фраксияи номбурда ҳамагӣ 43 нафар вакил фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 8 нафар профессор ва 11 нафар номзади илмҳои гуногун буда, дар таҳия ва қабули қонунҳои Ҷумҳуҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.

Раиси ТИҲ «Стратег» Хайриддин Усмонзода таъкид намуд, ки дарвоқеъ, рисолати ҳизби сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, барои кишварҳое, ки низоми давлатдории демократиро интихоб намудаанд, бениҳоят бузургу масъулиятнок аст. Ҳизби сиёсӣ ҳамчун муҳимтарин унсури ҷомеаи демократӣ, тавассути интихобот метавонад номзад ва намояндагони худро ба мақоми намояндагӣ ва иҷроия пешбарӣ намуда, соҳиби ваколат намояд, ки маҳз онҳо барои амалӣ гардонидани барномаҳои ҳизб иқдом менамоянд. Барои ноил шудан ба ҳадафҳо, ки сиёсати бобарор ва хирадмандонаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташкил медиҳанд, ҳизб тавассути намояндагони худ дар ҳама шохаҳои ҳокимият талош меварзад, ки барои таъмини ширкат дар рушди устувори ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба ҳар як сокини мамлакат шароити мусоид фароҳам оварад.



АКС: МТС ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво