29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ». Кормандони дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва сохторҳои ҳизбии пойтахт аз нигораҳои Осорхонаи миллӣ дидан намуданд

108
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ». Кормандони дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва сохторҳои ҳизбии пойтахт аз нигораҳои Осорхонаи миллӣ дидан намуданд Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» оғоз гардид, ки то охири моҳи апрел идома меёбад. Ҳайати кормандони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сохторҳои ҳизбии шаҳри Душанбе бо роҳбарии муовинони Раиси ҳизб Хайринисо Юсуфӣ ва Асрор Латифзода аз нигораҳои Осорхонаи миллӣ дидан намуданд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ .

Зимни боздид муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ ин иқдомро саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки ташаббуси зерин барои ҳифзи фарҳанги миллӣ ва ёдгориҳои таърихии миллати тоҷик дар замони муосир нақши босазо дорад. Ба василаи пайдо шудани ёдгориҳои таърихӣ аз қаламрави кишвари мо таъриху фарҳанги қадимии тоҷикон, саҳми фарзандони баруманди тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ, давлатдории тоҷикон дар давраҳои гуногун, мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ, зебоиҳои нотакрори табиати Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд.

Ба нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ин намоиши беназир аз номи ҳайати ҳизбиён муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ дар дафтари боздиди меҳмонони осорхона имзо гузошт.

«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ». Кормандони дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва сохторҳои ҳизбии пойтахт аз нигораҳои Осорхонаи миллӣ дидан намуданд


Мавриди зикр аст, ки намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон зери унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж 13 октябри соли 2021 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ба шарафи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар остонаи сиюмин солгарди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Фаронса ифтитоҳ ёфт. Баргузор гардидани Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвари дӯст – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса нақши бузург бозид.

Намоишгоҳи «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» бо мақсади муаррифии тамаддуну фарҳанги қадимии тоҷикон дар мисоли ёдгориҳои бостонӣ, ки дар мавзеъҳои таърихии мамлакат, аз ҷумла Саразми бостонӣ, Тахти Сангин, Панҷакенти қадимӣ, қалъаи Кофарниҳон, Ҳулбук, Аҷинатеппа дарёфт шудаанд, баргузор гардид.

Дар намоишгоҳ ҳудуди 300 адад ёдгории таърихӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, дар муддати се моҳ мардуми Фаронса ва шаҳрвандони дигар кишварҳои Аврупо имкони мусоид пайдо карданд, ки бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик шинос шаванд.



АКСҲО: КИМ ҲХДТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво