16 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Миёни Тоҷикистон ва Корея оид ба сохтмони метро дар Душанбе Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

100
Миёни Тоҷикистон ва Корея оид ба сохтмони метро дар Душанбе Ёддошти тафоҳум ба имзо расидМаросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Роҳи оҳани миллии Корея оид ба сохтмони метро дар шаҳри Душанбе 14 март баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ёддошти тафоҳумро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва аз ҷониби ширкати Роҳи оҳани миллии Корея, раис — директори иҷроияи он Ким Ҳангёнг ба имзо расониданд.

Азим Иброҳим зикр кард, ки баимзорасонии тафоҳумномаи мазкур барои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда, имкон медиҳад, ки ҳамкории дуҷонибаи ниҳодҳоямонро қавӣ намоем.

«Ёддошти тафоҳум имконияти ҷалби ширкати Роҳи оҳани миллии Кореяро барои татбиқи дигар лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи нақлиёт, ки аҳамияти минтақавӣ доранд, васеъ менамояд», — таъкид намуд Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим.


АКС: Вазорати нақлиёти ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво