4 декабр 2023, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ роҳ надиҳем

89
Тибқи Нақша чорабиниҳои тасдиқгардида дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, ҳолатҳои пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда доир гардид.
Дар ҷамъомад муовини сардори Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники адлия - Насрутдинзода Қиёмиддин Шовалӣ, сарнозири Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники адлия - Раҳмонзода Умед, кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарон, кормандони корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита иштирок намуданд.Ба зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ роҳ надиҳем
Қобили зикр аст, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” бо замимаи нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) барои иҷро ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2021, №86 ворид гардида, иҷрои он таҳти назорати доимӣ қарор дода шудааст. Дар ҳамин замина ҷиҳати иҷрои банди 3 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 3 августи соли 2021, №222 нақшаи чорабиниҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2022) иборат аз 24 банд таҳия гардида, бо фармоиши раиси Кумита аз 26 августи соли 2021, №143/ф тасдиқ шудааст.
Инчунин, бо мақсади иҷрои банди 1 нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия аз ҷониби Кумита барномаи дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ таҳия гардида, бо фармоиши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2021, №146/ф тасдиқ карда шудааст.
Дар робита бо ин, тибқи банди 2 фармоиши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2021, №143/ф роҳбарони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои тадбирҳои дар нақшаи чорабиниҳои Кумита оид ба амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2022) пешбинишуда чораҳои зарурӣ андешанд, ҷиҳати таъмини иҷрои Стратегия, нақшаи чорабиниҳои амалисозии он ва нақшаи чорабиниҳои Кумита нақшаҳои кори дохилиидоравиро барои ҳар сол таҳия ва тасдиқ намоянд, корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба дарки моҳият ва ҳадафҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар байни кормандон ба таври васеъ ба роҳ монда оид ба иҷрои Стратегия, нақшаи чорабиниҳои амалисозии он ва нақшаи чорабиниҳои Кумита ҳар се моҳ бо натиҷаи ҷамъбаст ба Кумита маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.
Бо мақсади иҷрои Стратегия ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он бо фармоиши раиси Кумита аз 30 августи соли 2021, №145/ф комиссия оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2022) ҳамаи бандҳои дар нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия) пешбинигардидаро, ки ба Кумита тааллуқ доранд, фаро гирифта мавриди иҷро қарор дода шудаанд.
Раванди иҷрои бандҳои дахлдори нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорати доимӣ қарор дошта, вобаста ба тадбиқи онҳо ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлатҳои муайянгардида маълумот пешниҳод карда мешавад.
Ба зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ роҳ надиҳем

Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳамасола якҷо бо кормандони масъули Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти иҷрои “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва таҳлили хавфҳои коррупсия, пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ дар Кумита мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор мегирад.
Дар ҷаласа муовини сардори раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрутдинзода Қиёмиддин Шовалӣ баромад карда, қайд намуд, ки мақсади ҳар ҷомеа, ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсии он ташкилу таъмини ҳаёти осудаву оромии халқу диёр, сарсабзӣ ва сарбаландии миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Вале барои ба ин ҳадафҳо расидан монеаҳои зиёде пеш меоянд, ки барои рафъи онҳо кӯшишҳои дастаҷамъонаи тамоми мақомоти давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ лозим мебошанд. Дар заминаи ин Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷамъият, фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ, беғаразӣ дар хизмати давлатӣ, пешгирӣ, ошкор ва барҳам додани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”-ро қабул намудааст ва ҳар як хизматчии давлатӣ дар раванди муқовимат ба коррупсия ва роҳҳои пешгирии он бетараф набошад.
Бояд гуфт, ки коррупсия устувории ахлоқи ҷомеа ва бовариро ба давлат коста мегардонад ва ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ соҳаҳои асосии ҳаёти шаҳрвандонро фаро гирифта, ба шуурнокии ахлоқӣ ва ҳуқуқии онҳо таъсири манфии худро мерасонад. Бинобар ин, ҳадафи асосии баргузории ҷаласаи имрӯза тадбирҳои тақвият бахшидани муқовимат ба коррупсия, пешгирӣ ва бартарафсозии омилҳои ба он мусоидаткунанда мебошад ва ҳар як хизматчии давлатӣ дар ин самт бояд бетараф набошад. Ба зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ роҳ надиҳем
Ҳамчунон Насрутдинзода Қ.Ш. дарсуханронии худ бо овардани мисолҳо оид ба вазъи ошкор ва бақйдгирии ҷиноятҳои характери коррупсионидошта, инчунин ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии характери коррупсионидошта ва тарзу усули содиршавии онҳо, ки дар Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, дар воҳидҳои сохтории Кумита дар давраи 12 моҳи соли 2021 дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2020 ва сабабу шароитҳои ба содир намудани онҳо мусоидаткунанда маълумоти муфассал дод.
Дар ҷаласа сарнозири раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Умед низ баромад намуда, қайд кард, ки бо мақсади муборизаи бевосита ба коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, №143, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки вазифаҳои асосии он аз пешгирӣ, барҳаму ошкор кардани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ, инчунин гузаронидани назорати давлатии молиявӣ иборат мебошад.
Дар тули истиқлолият бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва дар ниҳояти кор бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул карда шуд, ки мақсади асосӣ амалӣ намудани сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад,- зикр намуд Раҳмонзода Умед.
Ба зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ роҳ надиҳем
Ҳамчунон Раҳмонзода Умед оид ба иҷрои «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», роҳҳои пешгирӣ, таъмин намудани талаботи қонунгузорӣ, ошкорсозии сабаб ва шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва андешидани чораҳо ҷиҳати бартарафсозии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ суханронӣ кард.
Дар ҷаласа байни кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи васеъи кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоҳибаи судманд баргузор гардид.
Муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода А.Р. ҷаласаро ҷамъбаст намуда, қайд кард, ки кормандони соҳаи меъморӣ ва сохтмон ҷиҳати ташаккули фазои оштинопазирӣ бо коррупсия, тақвият бахшидан ба раванди муқовимат ба коррупсия, таъмини иҷроиши барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, инчунин пешгирӣ ва роҳ надодан ба зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд.
Бояд қайд намуд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба дарки моҳият ва ҳадафҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаҳои “Рӯзномаи бинокорон” ва сомонаи Кумита мунтазам хабару мақолаҳо дарҷ мегарданд.

“РБ”




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво