17 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Муаррифии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар Олмон

2506
Муаррифии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар Олмон Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ҷиҳати ташвиқи ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни Форуми 7-уми ҷаҳонии об пешниҳод шуда буд, муаррифиномаи ҳадафҳои ин Қатъномаро бо забони олмонӣ таҳия ва байни вазорату идораҳои дахлдор, сафоратхонаҳои муқими кишвари иқомат ва ВАО-и Олмон ирсол намуд.
Ҳамзамон сомонаи иттилоотӣ-маълумотии BERLIN- 24 рӯзи 25 январи соли 2017 хабари иттилоотиро аз нишасти матбуотии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар робита ба қабули Қатъномаи МУ СММ «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар шакли муфассал дар сомонааш нашр намуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво