28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Фирдавсӣ бахшида ба қабули Даҳсолаи «Об барои рушди устувор» ҳамоиш баргузор гардид

2544
Дар ноҳияи Фирдавсӣ бахшида ба қабули Даҳсолаи «Об барои рушди устувор» ҳамоиш баргузор гардидДирӯз дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳамоиш ба муносибати аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қабул гардидани Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 бо иштироки аҳли ҷамоати ноҳия баргузор гардид. Дар ҳамоиш Ҷамшед Табарзода, раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, коршиносон аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези шаҳри Душанбе», намояндаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аҳамияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»-ро ба иштирокдорони ҳамоиш шарҳ доданд.
Коршиносон аз ҷумла зикр намуданд, ки пешниҳоди мазкур бори нахуст аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли 2015 дар шаҳри Тэгуи Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар маросими ифтитоҳи Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об пешниҳод гардид. Он аз 22 марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22 марти соли 2028 ба анҷом мерасад.
«Танҳо дар давраи солҳои 2005-2015 ба соҳаи оби кишвар зиёда аз 1,7 миллиард доллари ИМА равона карда шуда, сатҳи обтаъминкунии зиёда аз 1,5 миллион нафар аҳолии кишвар беҳтар гардонида шудааст.
Қабули Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ба рушди бештари ин соҳа мусоидат намуда, интизор меравад дар доираи он шаҳри Душанбе боз мизбони чандин ҳамоишҳои бузурги ҷаҳонӣ бо иштироки сиёсатмадорону сармоягузорон ва олимону коршиносони ҷаҳон гардад. Чунин чорабиниҳо барои муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги об ва иқтидори гидроэнергетикӣ, манзараҳои зебову дилрабо ва табиати нотакрор, амну суботи ҳукмфармо ва пайгири ҳамкории қавию судманд бо кишварҳои ҳамсоя дар ҳаллу фасли масъалаҳои об шароит фароҳам меоваранд. Ҳамчунин он барои бартараф намудани мушкилоти соҳаи обу энергетика ва рушди сайёҳии кишвар мусоидат менамоянд», -изҳор доштанд иштирокдорони ҳамоиш.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво