19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT-2022» дар Москва имконоти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ мешаванд

270
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT-2022» дар Москва имконоти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ мешавандНамояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чор ширкати сайёҳии Тоҷикистон, назири «Пойгоҳи кӯҳнавардию сайёҳии Артуч», «Силквей эдвенче», «Кошиф» ва «Антарес» имконияти сайёҳии Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT- 2022», ки имрӯз дар пойтахти Русия- шаҳри Москва оғоз ёфт, муаррифӣ менамоянд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар гӯшаи сайёҳии кишвар бартарияти рақобатнокии Тоҷикистон, аз ҷумла, иқтидори бойи табиӣ, сайёҳии табобатию солимгардонӣ ва имконияти машғулият бо намудҳои туризми варзишию кӯҳнавардӣ, фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимӣ инъикос гардидаанд.

Иштироки ширкатҳои сайёҳӣ дар намоишгоҳҳои сайёҳӣ дар хориҷи кишвар, бахусус дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT-2022» яке аз роҳҳои самараноки ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, барои васеъ гаштани ҳамкории ширкатҳои сайёҳии ҷумҳурӣ бо ширкатҳои давлатҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT- 2022» то 17 март идома ёфта, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳӣ ва дӯстдорони сайру саёҳат барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ мусоидат менамояд.

«MITT-2022» бузургтарин намоишгоҳи сайёҳӣ дар Русия дар сатҳи «Туризм ва фароғат» буда, он платформаи тиҷоратии байналмилалӣ барои кишварҳо, минтақаҳо ва ширкатҳои сайёҳии тамоми ҷаҳон мебошад, ки маҳсулот ва хидматҳои худро дар бозори Русия муаррифӣ мекунанд. Ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонони намоишгоҳ имкон доранд бо намояндагони ассотсиатсияҳои ҷаҳонии сайёҳӣ, танзимгарони соҳа вохӯрию суҳбатҳо доир намуда, муштариён ва шарикони нав пайдо кунанд ва ҳамкориро бо мақсади рушди туризм тақвият бахшанд.

Мавриди зикр аст, ки Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT-Москва», ки дар Маркази байналмилалии намоишгоҳии «Крокус Экспо»-и шаҳри Москва доир мегардад, имсол 2 ҳазору 504 агентии сайёҳӣ, 1348 назоратчии сайёҳӣ, 701 созмони ташкили сафарҳои корӣ ва фаъолияти корпоративиро аз 51 давлати дунё ва беш аз 10 ҳазор меҳмонро ба ҳам меорад.



АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво