29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тоҷикистон ва АБР оид ба маблағгузории Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 созишнома имзо карданд

87
Тоҷикистон ва АБР оид ба маблағгузории Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 созишнома имзо карданд14 март маросими баимзорасонии Созишнома оид ба маблағгузорӣ (маблағгузории сеюми иловагӣ барои Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Созишномаи мазкурро Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ ба имзо расониданд.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2022 оғоз ёфта, анҷоми он 31 июни соли 2023 ба нақша гирифта шудааст. Ҳадафи лоиҳа таъмини пешгирӣ, омодагӣ ва эътино ба пандемияи COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, арзиши умумии он дар доираи Созишномаи маблағгузории сеюми иловагӣ 17,9 млн ҳуқуқи махсуси қарзгириро ташкил медиҳад, ки ба 25 млн доллари амрикоӣ баробар буда, барои маблағгузории қисмҳо (компонент)-и зерини Лоиҳа равона мегардад:

Қисми 1 -Тақвияти иқтидор дар соҳаи эҳёву табобати интенсивӣ ва пешгирии COVID-19. Барои амалисозии қисми мазкур 24,26 млн доллари амрикоӣ пешбинӣ гардидааст, ки он барои харид ва таҳвили ваксинаҳои зидди бемории COVID-19, тестҳои ташхисӣ, доруворӣ, маводи масрафшаванда ва рушди инфрасохтори хизматрасонии соҳаи тандурустӣ масраф карда мешавад.

Қисми 2 — банақшагирии бисёрсоҳавии чораҳои эътино ва таъмини омодагии ҷомеа. Дар ин самт 0,16 млн доллари амрикоӣ барои дастгирии чорабиниҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар мавриди пандемия ва ваксинатсияи зидди COVID-19, коҳиш додани хавфҳои эҳтимолии марбут ба қабул накардани ваксина ва пахши иттилоот тавассути роҳҳои мухталифи алоқа ба нақша гирифта шудааст.

Барои қисми 4 — амалисозӣ ва мониторинги Лоиҳа 0,58 млн доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст, ки дар доираи он амалисозии тадбирҳои иловагии дастгирии соҳаи иммунизатсия, мониторинг ва арзёбии рафти татбиқи Лоиҳа, идоракунии молиявӣ, нигоҳдории ҳайати кормандони ва хароҷоти амалиётӣ барои таъмини фаъолияти Лоиҳа анҷом дода мешавад.


АКС: Вазорати молияи ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво