29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Рушди инфрасохтори сарироҳӣ омили беҳтар шудани сифати хизматрасонии сайёҳист

280
Рушди инфрасохтори сарироҳӣ омили беҳтар шудани сифати хизматрасонии сайёҳистДар назди Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби вазорату идораҳо гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Гурӯҳи кории мазкур таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Кумита Ҳабибулло Амирбекзода ҷиҳати гузаронидани таҳлили бозор ва ба қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ ҷавобгӯ намудани хизматрасониҳои инфрасохтори сарироҳӣ тибқи хатсайри Душанбе-Ваҳдат-Норак-Данғара-Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ-Фархор-Восеъ-Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин-Душанбе сафарбар гардид.

Гурӯҳи корӣ ва масъулини мақомоти маҳаллӣ масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати инфрасохтори ба талабот ҷавобгӯ, аз ҷумла меҳмонхонаҳои сарироҳӣ, ҳомстейҳо, гестҳаусҳо, тарабхонаҳо, истироҳатгоҳҳо, норасоии мутахассисони ботаҷрибаю касбӣ дар ин соҳа, ба талабот ҷавобгӯ намудани ҳолати санитарию гигиении марказҳои хизматрасонӣ, мабразу дастшӯйгоҳҳо ва ҷойҳои тамошои сайёҳӣ, дар мавзеъҳои сайёҳии минтақа фароҳам овардани шароити хизматрасониро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон масъалаи бештару беҳтар тарғиб намудани имконияти сайёҳии маҳаллӣ берун аз ҷумҳурӣ, фаъол намудани хатсайрҳои сайёҳӣ, ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари ширкатҳои сайёҳии маҳаллӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан ба вазъи тозагии мавзеъҳои сайёҳӣ, тарғиби имконоти сайёҳӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуд.

Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар банақшагирӣ ва сохтмони шоҳроҳҳо ҳамкорӣ намуда, бунёди инфрасохтори сарироҳиро мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ ба нақша гирифтааст.

Рушди инфрасохтори сарироҳӣ омили беҳтар шудани сифати хизматрасонии сайёҳист


АКСҲО: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво