23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Зарфияти сайёҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид

252
Зарфияти сайёҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ гардидДурнамои рушди ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо мақсади тавсеаи минбаъдаи робитаҳои мутақобилан судманд дар даври навбатии мулоқоти роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шакли маҷозӣ доир гардид, баррасӣ шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иштирокдорони мулоқот зарфияти сайёҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯнамоӣ гардид. Дар мулоқоти мазкур муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод иштирок намуда, зикр кард, ки барои Тоҷикистон рушди сайёҳӣ аҳамияти хосса дошта, ташкили инфрасохтори зарурии сайёҳӣ ва ба сатҳи байналмилалӣ баробар намудани он дар авлавияти сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст.

-Имрӯз мавқеи Тоҷикистон зери ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари масъалаҳои муҳими глобалӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ таҳким ёфта, кишвари мо дар раддабандиҳои глобалӣ сатҳу эътибори хосса пайдо карда истодааст,- афзуд ӯ.

Дар мулоқот ҳамчунин таъкид гардид, ки айни замон ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, хатсайрҳои минтақавӣ низ амалӣ гардида истодаанд. Ин омил имконият медиҳад, ки сайёҳони хориҷӣ зимни саёҳати худ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ якбора аз чанд кишвари дорои пайроҳаи Шоҳроҳи Абрешим дидан намоянд.Яке аз занҷираҳои муҳим, ки дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷаҳонгардони хориҷӣ қарор дорад, ин боздид аз хатсайри Шоҳроҳи Абрешими Осиёи Марказӣ мебошад. Шаҳрҳои қадима ва манзараҳои дилфиреби Осиёи Марказӣ, ки дар ин масири таърихии машҳур воқеанд, ҳамеша шумораи зиёди сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд.

Дар мулоқот муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод, муовини Вазири фарҳанги Туркманистон Нурсэхет Шаримов, Сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузории Кумитаи саноати сайёҳии Вазорати фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон Мирас Тулебаев, сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷалби грантҳои Вазорати сайёҳӣ ва варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фирӯз Додиев,, муовини директори Департаменти сайёҳии Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон Киялва Кенжематова ва роҳбарони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки мулоқоти якуми роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи марти соли 2021 бо иштироки роҳбарону намояндагони мақомотҳои сайёҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ассотсиатсияву ташкилоти сайёҳии минтақа баргузор гардида буд.



АКСҲО: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво