25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Форуми соҳибкорӣ оид ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Чин баргузор гардид

291
11 март Форуми соҳибкорӣ оид ба рушди ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Форуми мазкур бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи рушди корхонаҳои чинӣ дар хориҷа роҳандозӣ гардад.

Ҳадафи форуми мазкур дар амал татбиқ намудани тафоҳумҳои ба даст омада зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин оид ба густариши ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби ширкатҳои чинӣ ба раванди саноаткунонии босуръати кишвар буд.

Аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи андоз ба ширкатҳои чинӣ имконияти сармоягузорӣ, заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити мусоиди фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шуд.

Дар форум ҳамчунин аз ҷониби ширкатҳо лоиҳаҳои мушаххас муаррифӣ гардида, миёни онҳо муколама доир гардид.



Дар форуми мазкур, ки дар шакли маҷозӣ ва ҳузурӣ доир гардид, Сафири Тоҷикистон дар Чин, роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии Чин оид ба ислоҳот ва рушд, Котиби генералии Ассотсиатсияи рушди корхонаҳои чинӣ дар хориҷа, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва ширкатҳои Тоҷикистону Чин, дар маҷмӯъ 150 нафар иштирок намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво