19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Канали калони Фарғона пурра тоза карда мешавад

936
Соли равон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳр ба тозакунии канали калони Фарғона шурӯъ намуданд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом хабар доданд, канали калони Фарғона, ки солҳои зиёд аз ифлосиву таҳшинҳо пур шуда буд, имсол пурра тоза карда мешавад. Дар анҷоми ин амали нек сокинони шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот низ саҳми худро мегузоранд.
Аз ҷумла, дар ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ сокинон ба ҳашари умумӣ баромада, дар кофтани канал саҳм гузоштанд. Канал аз партовҳо, ифлосиву таҳшинҳо пурра ва босифат тоза карда мешавад. Бо ин мақсад техникаҳои пуриқтидор ва муосир ҷалб карда шуда, бо суръат фаъолият доранд. Масофаи канал дар ҳудуди шаҳри Конибодом 56 км-ро ташкил дода, аллакай 80%-и кор дар ин самт ба иҷро расонида шудааст. Дар назар аст, ки тозакунӣ то 15 феврал пурра ба итмом мерасанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво