28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳамоиши «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд

960
Бо мақсади тарғибу ташвиқи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пазируфта шудани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028, эълон гаштани Соли 2017 — соли ҷавонон дар вилояти Суғд ҳамоиши ҷавонон аз тамоми минтақаҳои вилоят баргузор гардид.
Роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилоят Фирдавс Ҳоҷиев дар бораи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, пазируфта шудани пешниҳоди Тоҷикистон аз тарафи СММ, пурзӯр намудани корҳо дар самти ҷалби ҷавонон ба ҳаёти ҷамъияти сиёсӣ сухан гуфт. Таъкид гардид, ки сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, тамоми шароити мусоид барои таҳсил, кор ва зиндагии арзандаи онҳо фароҳам оварда шудааст. Таъкид гардид, ки ҷавонони имрӯза бояд ба муаммо ва роҳҳои ҳалли муаммоҳои ҷавонон нигоҳи дигар дошта бошанд. Ҷавонон, ки қишри пешбарандаи давлату ҳукумат ба ҳисоб мераванд, бояд аз дигар қишрҳо фаъолтар бошанд.
Таклифу пешниҳодҳои роҳбарияти ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд дар самти вусъат бахшидани корҳои таблиғотӣ байни ҷавонон, истифодаи роҳу усулҳои муосир, ҷалби ҷавонон ба ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар хеле хуш пазируфта шуд.
Ҷавонон ваъда доданд, ки соли ҷавононро дар сатҳи баланд ва бо ифтихори миллӣ ҷашн мегиранд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво