29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Озмуни «Беҳтарин ролики сайёҳии шаҳри Душанбе» дар соли 2022 гузаронида мешавад

286
Озмуни «Беҳтарин ролики сайёҳии шаҳри Душанбе» дар соли 2022 гузаронида мешавадДар пойтахти мамлакат Озмуни «Беҳтарин ролики сайёҳии шаҳри Душанбе» дар соли 2022 гузаронида мешавад. Бо ин мақсад аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе 140000 (яксаду чил ҳазор) ҳазор сомонӣ ҷудо мегардад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

-Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 5 марти соли равон Низомнома ва ҳисобномаи хароҷотии озмуни мазкур тасдиқ гардид. Роликҳои тарғиботӣ бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба рушди сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе, ҷалб намудани сайёҳон ба пойтахти кишвар таҳия мегарданд, -афзуд манбаъ.

Тибқи қарори дахлдор муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани озмуни мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардиданд. Дар ин давра бо мақсади ободу зебо намудани иншооти истироҳатию фароғатӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинону меҳмонони пойтахт бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ якчанд тадбирҳои нав рӯи кор омаданд. Аз ҷумла, дар пойтахт 5 боғи нав – боғҳои фарҳангию фароғатии «Алишер Навоӣ», «Куруши Кабир», «Ҷавонон», «Аҳмади Дониш» ва «Восеъ» сохта шуда, 6 боғ – боғҳои фарҳангию фароғатии «С.Айнӣ», «Кӯли Ҷавонон», «Абулқосим Фирдавсӣ», «Хайём», «Кӯдакон» ва «А.Мироненко» пурра навсозӣ гардиданд, ки дар рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Озмуни «Беҳтарин ролики сайёҳии шаҳри Душанбе» дар соли 2022 гузаронида мешавад

ДАР АКС: Боғи Куруши Кабир дар Душанбе.

Ёдовар мешавем, ки ду сол муқаддам дар асоси қарори Шӯрои вазирони туризми кишварҳои узви СҲИ Душанбе пойтахти сайёҳии СҲИ эълон гардид. Ин ташаббус ба густариши ҳамкорӣ бо СҲИ ва муаррифии дастовардҳои пойтахт мусоидат намуда, ба рушди сайёҳии шаҳри Душанбе такони ҷиддӣ бахшид.

Хотиррасон менамоем, ки зери сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин давра беш аз 300 чорабиниҳои мухталифи байналмилаливу сатҳи миллии фарҳангӣ, мизҳои мудаввар, конференсияҳои илмӣ-адабӣ, фестивалу озмунҳо, аз ҷумла бархе тариқи маҷозӣ гузаронида шуда, якчанд муассисаҳои фарҳангӣ, боғҳои фарҳангу фароғатӣ ва ёдгориҳои таърихӣ таъмиру таҷдид карда шуданд. Аз ҷумла, Фестивали ҷумҳуриявии сайёҳӣ таҳти унвони «Марҳабо ба Душанбе — шаҳри орзуҳо», Форуми байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ», Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию сайёҳӣ», форумҳо ва намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ, озмунҳо, намоишгоҳҳо, фестивалҳои маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва дигар намоишу барномаҳо баргузор гардиданд, ки ба муаррифии Ватани азизамон ва пойтахти он нигаронда шудаанд. Ин буд, ки пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ табдил ёфта, ҳамчун симои сайёҳии Тоҷикистон ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид.

Имрӯз Душанбе на танҳо маркази маъмуриву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии мамлакат гардидааст, балки ба шаҳри воқеии сайёҳиву фароғат табдил ёфтааст.

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво