12 октябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Осорхонаи миллӣ барномаи идонаи фарҳангӣ доир мегардад

374
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Осорхонаи миллӣ барномаи идонаи фарҳангӣ доир мегардад11 март дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, инчунин рӯзноманигорон ва намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ барномаи идонаи фарҳангӣ доир мегардад, иттилоъ дод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Раҳмоналӣ Шералӣ.

Мавсуф иброз намуд, ки Вазорати фарҳанг заҳмати рӯзноманигоронро қардрдонӣ намуда, ҳар сол дар рӯзи иди касбиашон онҳоро бо унвонҳо сарфароз мегардонад. Дар ин рӯз низ як зумра рӯзноманигорон бо унвони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳо қардонӣ мешаванд.

Дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд матбуот аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори умум буда, нақши он дар раванди демократикунонӣ ва ташаккули афкори ҷомеа хеле муҳим мебошад.

«Айни замон дар мамлакати мо барои рушди воситаҳои ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шуда, такмили онҳо мунтазам идома меёбад. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма асосан тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи нусхаи ҳамтии ҳуҷҷатҳо», «Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим карда мешаванд. (Низомномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон). Моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кас озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбори оммаро кафолат медиҳад»,- иброз дошт Раҳмоналӣ Шералӣ.

Рӯзи матбуоти тоҷик яке аз падидаҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат дониста мешавад. Зеро таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд.

Таҷлили ин сана дар ҷумҳурӣ аз соли 1994 ба расмият даромадааст. Фаъолияти босамари матбуот, заҳматҳои қаламкашон, инъикоси воқеъбинонаи онҳо сабаби болоравии огаҳию худшиносӣ, маърифату ҷаҳонбинии мардум, ошкору ислоҳи камбудиҳои ҷомеа ва рушди давлатдорию пешравии кишварҳо мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2012 бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ иброз доштанд, ки «имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд».

Рӯзи матбуоти тоҷик ба чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ — «Бухорои шариф», ки шумораи аввалинаш 11 марти соли 1912 интишор ёфта, дастраси хонандагон гардида буд, иртибот дорад. Ҳамасола ин сана чун иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма, матбуот ва табъу нашр таҷлил карда шуда, имсол 110-солагии матбуоти тоҷик таҷлил мегардад.

Тавре устод Садриддин Айнӣ иброз доштааст: «Бухорои Шариф» дар торикистони таърих чароғе буд, ки мардумро бо рӯшноияш ба роҳи саводу маърифат ва огаҳию худшиносӣ бурд». Ҳамчунин рӯзномаи мазкур барои вориди майдони матбуот шудану фаъолият намудани нашрияҳои баъдии тоҷикии «Шуълаи инқилоб», «Овози тоҷик» ва дигар рӯзномаву маҷаллаҳо замина гузошт. Вале, ин рӯзнома як соли пурра ҳам фаъолият накард ва баъди нашри шумораи 153-юм- 2 январи соли 1913 баста шуд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ба ҷуз аз барномаи фарҳангӣ ҳамчунин дар саҳни осорхона намоиши китоб ва ҳунарҳои мардумӣ манзури тамошобинон гардонида мешавад.



Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво