15 июл 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Озмуни ҷумҳуриявии имсола ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бахшида мешавад

174
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Озмуни ҷумҳуриявии имсола ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бахшида мешавад Имсол Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба муносибати ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ба озмун суруду оҳанг ва асарҳои мусиқие пешниҳод мешаванд, ки тараннуми шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои милливу мероси пурғановати ниёгон бошад. Ин матлабро сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим САИДОВ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» баён дошт.

Мавсуф зикр намуд, ки озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ соли чорум аст, ки баргузор карда мешавад.

Дар мавриди тағйироте, ки соли равон ба низомномаи озмун ворид шудааст, сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим Саидов гуфт, ки «соли равон танҳо як тағйирот ворид шудааст, ки ин ҳам дар раддабандии синну сол мебошад. Яъне дар номинаи композиторӣ нафарони аз 18 то 40 – сола иштирок карда метавонанд».

Ҳамчунин иброз намуд, ки ҳадаф аз ин тағйирот он аст, ки композиторӣ яке аз жанрҳои душвор ба шумор меравад, ки онро танҳо дорандагони маълумоти ин соҳа иҷро карда метавонанд.

Дар Низомномаи имсола раддабандии синнусолӣ ба таври зайл тақсимбандӣ гардидааст:

«номинаҳои сарояндагӣ ва навозандагӣ

— аз 12 то 17 – сола;

— аз 18 то 40 – сола.

номинаи композиторӣ

— аз 18 то 40 – сола».

Тавре мавсуф изҳор дошт, имсол барои баргузории озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 540 000 (ду миллиону панҷсаду чил ҳазор) сомонӣ ҷудо мегардад. Соли гузашта низ чунин маблағ ҷудо гардида буд. Соли 2020 ин маблағ 2 140 000 (ду миллиону яксаду чил ҳазор) сомониро ташкил медод.

Чун анъана озмун дар се давр баргузор мегардад:

«— даври якум — моҳи май-июни соли 2022 дар маркази шаҳру ноҳияҳо;

— даври дуюм — моҳи июл – нимаи аввали моҳи августи соли 2022 дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рашт;

— даври сеюм — то 1 ноябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо супоридани ҷоизаву дипломҳо ҷамъбаст мешавад».

Мавсуф зикр намуд, ки ғолибони озмун бо Ҷоизаи ифтихорӣ, ҷоизаҳои якум, дуюм ва сеюм, диплом ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд. Инчунин ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» (лауреатҳои Ҷоизаи ифтихорӣ, ҷоизаҳои якум, дуюм ва сеюм) баъди се сол ҳуқуқи иштирок дар озмуни навбатиро пайдо мекунанд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, ду сол қабл ба як нафар Шоҳҷоиза дода мешуд, ки соли 2019 маблағи Шоҳҷоиза 50 000 сомонӣ ва соли 2020 70 000 сомонӣ муқаррар гардида буд. Имсол чун соли 2021 Кумитаи тадорукоти озмун барои ҳар як номина як ҷоизаи ифтихорӣ ҷудо намудааст, ки маблағи он 50 000 сомонӣ муайян шудааст.



Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво