25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Соҳибкорзанони вилояти Хатлон аз Минтақаи озоди иқтисодии Суғд дидан менамоянд

129
Аз 1 то 4 март сафари омӯзишии занони соҳибкори вилояти Хатлон ба вилояти Суғд ҷараён мегирад, ки зимни он соҳибкорон аз Минтақаи озоди иқтисодии вилоят ва мавзею маконҳои сайёҳиву таърихӣ дидан менамоянд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.

Тавре иттилоъ дода шуд, 2 март дар доираи сафари омӯзишии занони соҳибкори вилояти Хатлон ба вилояти Суғд бо мақсади омӯзиши таҷрибаи ширкату корхонаҳо дар Палатаи савдо ва саноати вилоят вохӯрӣ доир гардид.

Зимни мулоқот раиси кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов ба меҳмонон оид ба фаъолияти Палата иброз намуд, ки «Палатаи савдо ва саноат ҳамеша мусоидати худро оид ба таъмин намудани иштироки ширкатҳои ватанӣ дар кори намоишгоҳҳои хориҷӣ барои муаррифии молу маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ва аз ҷиҳати экологӣ тоза расонида, дар ин самт кор мебарад».

Дар вохӯрӣ муовини раиси кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Шараф Сангов ва сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов иштирок намуданд.

Дар мулоқот соҳибкорзанони вилояти Суғд- аъзои Палатаи савдо ва саноат, роҳбарони ҶДММ «Озара» ва ҶДММ «Мунир» иштирок намуда, оид ба фаъолият ва дастовардҳояшон ба занони соҳибкори вилояти Хатлон маълумоти муфид пешниҳод намуданд.

Бояд гуфт, ки сафари омӯзишии занони соҳибкори вилояти Хатлон ба вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи ЮСАИД «Оид ба беҳтар намудани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон» доир гардида, дар ҷараёни он занони соҳибкори вилояти Хатлон аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», корхонаҳои «Ариана металл пласт», «Нексигол навовар», «Порсои Хуҷанд», «Меваи тиллоӣ», «Исфарафуд», «Оби Зулол» дидан менамоянд.





Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво