28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Рӯдакӣ тарзи ному насабгузорӣ тибқи анъанаҳои миллӣ ба аҳолӣ фаҳмонида шуд

908
Дар ҷамоатҳои деҳоти Лоҳур ва ҷамоати шаҳраки М.Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия дар якҷоягӣ бо кормандони Донишкадаи такмили ихтисоси мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шарҳу тафсири Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» бо аҳолии ин минтақа вохӯрӣ доир гардид. Зимни мулоқотҳо оқибатҳои манфии никоҳи хешу таборӣ ва ҳатмӣ будани муоинаи тиббии никоҳшавандагон, инчунин иҷрои ҳатмии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба сокинон фаҳмонида шуданд. Дар ин бора мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Рӯдакӣ Санавбар Ашурова иттилоъ дод.
«Масъулин зимни вохӯрӣ бо сокинон нуктаҳои асосии Паёми навбатиро шарҳ дода, ба шаҳрвандон моҳияти тибқи анъанаҳои миллӣ гузоштани насаб, механизми иҷрои ивази насаб, ном ва номи падар, оқибатҳои манфии никоҳи хешутаборӣ ва аз муоинаи тиббӣ гузаштани никоҳшавандагонро фаҳмониданд»,-иттилоъ дод Санавбар Ашурова.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво