28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сатҳи меъмории миллиро баланд бардорем

884
Сатҳи меъмории миллиро баланд бардорем

Имрӯз 18 январ дар толори Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони Раиси Кумита Абдуҳалимзода А., Окимбекова З.Ф., Мирзозода Н.Ю., намояндагони васоити ахбори омма- рӯзномаю маҷаллаҳо, агентиҳои иттилоотӣ, радио ва телевизионҳои ҷумҳурӣ, инчунин роҳбарон ва кормандони ташкилотҳои системаи Кумита ширкат варзиданд.
Нишасти матбуотии имрӯза «Дар бораи натиҷаи фаъолияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳо барои семоҳаи аввали соли ҷорӣ» бахшида шуда буд.
Дар сухани ифтитоҳии худ Раиси Кумита Аҳмадзода Чамшед Ҷалол иброз намуд, ки дар давоми соли 2016 дар ҳаёти иқтисодиву сиёсии мамлакат амалҳои созанда, сулҳу суботи комил ва таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварамон, аз ҷумла ваҳдати миллӣ вусъат ёфта, барои ободии мамлакат қадамҳои устувор гузошта шуданд. Ин нуқтаро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми имсолаи худ ба мақоми олии қонунгузор зикр намуданд, ки он аз тақвият бахшидану рушди босуръати соҳаи гидроэнергетика ва таъмини рушди ҳамаҷонибаи минтақаҳои кишвар, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя ва рушди бемайлони соҳибкорӣ ҳамчун самти афзалиятноки тараққиёти мамлакат, инкишофи имкониятҳои коммуникатсионии ҷумҳурӣ, тақвияти низоми ҳамоҳангсозии сиёсати рушд бо мақсади таъмини самаранокии идоракунии давлатӣ иборат аст.
Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. қайд кард, ки дар бахши меъмориву шаҳрсозӣ Пешвои миллат дар Паёми худ оид ба аҳамияти аввалиндараҷа додани масъулин ҳангоми амалӣ намудани сохтмони иншооту биноҳои нав ба риояи талаботи санъати баланди меъморӣ ва диққати афзалиятнок додан ҳангоми лоиҳакашиву сохтмони биноҳо ва бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, воридоти технологияҳо ва асбобу таҷҳизоти маишӣ ба масъалаи каммасраф будани онҳо дастур доданд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита ин таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирӣ мебошад.
Ба иттилои Раиси Кумита алҳол аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳияи Нақшаҳои генералии 39 шаҳру ноҳияҳо пурра ба анҷом расида бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор доранд.
Нақшаҳои генералии 2 ноҳия бо вазорату идораҳо мувофиқа гардида, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудаанд.
Нақшаи генералии 13 шаҳру ноҳияҳо дар мувофиқаи вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд.
Таҳияи Нақшаҳои генералии 7 шаҳру ноҳияи дигар ба анҷом расонида шуд ва то охири моҳ ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои мувофиқасозӣ пешниҳод мегарданд.
Таҳияи Нақшаҳои генералии 2 ноҳия идома дошта, соли 2017 ба итмом расонида мешаванд.
Ҳоло масъалаи таҳияи Нақшаҳои генералии ноҳияҳои Данғара ва Шаҳритуз дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроияи давлатии ноҳияҳои мазкур, мавриди баррасӣ ва коркард қарор дорад.
Раиси Кумита ҳамчунин иброз намуд, ки мутахассисони Кумита дар 65 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ назорати сифати корҳои сохтмонӣ ва риояи талаботи меъморию шаҳрсозиро ба роҳ монда, сохтмони 1186 иншоотро таҳти назорати давлатӣ қарор доданд. Дар ин муддат 423 шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор барои роҳ додан ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон ба маблағи 507900 сомонӣ ҷарима таъин карда шудааст.
Оид ба сифати харҷномаи лоиҳаҳо Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. гуфт, ки диққати ҷиддӣ дода шуда, дар ин давра аз харҷномаи иншоотҳо дар маҷмӯъ 141 410 000 сомонӣ кам карда шудаанд, ки бо ин васила арзиши корҳои сохтмонию васлкунӣ ба ҳамин миқдор арзон гардид. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушду нумӯи соҳаи сохтмон, беҳтар гаштани сифати бунёди иншооти таъиноти гуногун, истифодабарии меъмории миллию замонавӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадами дигар давлатҳо, ба тартиб даровардан ва риояи қатъии қоидаҳои шаҳрсозӣ, тарбияи мутахассисони ҷавони соҳа, пурқувват гардонидани базаи моддию техникии ширкату ташкилотҳои сохтмонӣ ғамхории пайваста зоҳир карда истодааст.
Мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, баланд бардоштани сатҳи меъмории миллӣ, таҳияи лоиҳаҳои нави замонавӣ бо истифода аз технологияҳои пешқадам ва бунёди маҳаллаҳои нави аҳолинишин корҳои мушаххас ба анҷом расонида истодаанд.
Дар баромади худ Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. барои ҳамкории пурмаҳсул ва таваҷҷӯҳи рӯзноманигорон аз номи Кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушду нумӯи санъати меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмони Ватани азизамон изҳори сипос намуд.
Дар охир рӯзноманигорон ба саволҳои сершумори худ посухҳои дақиқ ва мушаххас гирифтанд.
Мухбири “РБ”




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво