8 октябр 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сатҳу сифати корро беҳтар намоем

928
Сатҳу сифати корро беҳтар намоем
12 январи соли ҷорӣ дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати муовини Сарвазири Ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ҷаласаи ҳайати мушовара бораи ҷамъбасти фаъолияти кори корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳо барои семоҳаи якуми соли 2017 баргузор гардид. Дар ҷаласа тамоми сармеъморони шаҳру навоҳии кишвар,кормандони Кумита ва зерсохторҳои он иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол дар маърӯзаи худ фаъолияти яксолаи Кумита ва зерсохторҳои онро мавриди таҳлил қарор дода, дар маҷмӯъ баҳои қаноатбахш дод. Ў ҳамчунин қайд намуд, ки cоли сипаригашта барои мардуми кишвари мо аз ҷумлаи солҳои бисёр муҳиму хотирмон буд. Бахусус таҷлили бошукӯҳи ҷашни биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатии Ватанамон, ки он барои ҳар яки мо бисёр азизу муқаддас аст, аз рӯйдодҳои муҳимтарини ҳамин сол маҳсуб мегардад. Ба шарофати заҳмати созандаву фидокоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи Тоҷикистон мо ин санаи бузурги таърихиро бо дастовардҳои арзанда ва дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ истиқбол намудем.
Сатҳу сифати корро беҳтар намоем
-Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон таҳия гардида, рӯзи 22 декабри соли 2016 ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид. Паёми Пешвои миллат ҳамчун роҳнамои ҳадафҳои созандаи кишвар буда, таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро дар бар мегирад.
Ҳамзамон дар Паём таваҷҷӯҳи зиёд ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ, саноат, меъмориву сохтмон, гидроэнергетика ва сиёсати ҷавонон зоҳир карда шуд.
Беҳуда нест, ки соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуданд. Аз ин рӯ моро лозим аст, ки ин иқдомро қадр карда, дар раванди тарбияи чавонон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо чорабиниҳои мушаххасро ба нақша гирифта, ба фаъолияти фарогири онҳо дар тамоми зинаҳои сохторҳо мусоидат намоем.
Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. қайд намуд, ки дар бахши меъмориву шаҳрсозӣ Пешвои миллат дар Паёми худ оиди додани аҳамияти аввалиндараҷа ҳангоми амалӣ намудани сохтмони иншооту биноҳои нав ба риояи талаботи санъати баланди меъморӣ ва диққати афзалиятнок додан ҳангоми лоиҳакашиву сохтмони биноҳо ва бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, воридоти технологияҳо ва асбобу таҷҳизоти маишӣ ба масъалаи каммасраф будани онҳо дастур доданд.
Фармоиш ва нақшаи чорабиниҳои Кумита оид ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардиданд, омода шуда, иҷрои бандҳои дахлдори он зери назорати доимӣ қарор дорад.
Инчунин таҳлилҳои соҳа нишон медиҳад, ки аслан дар пешбурди фаъолияти шаҳрсозӣ дар ҷумҳурӣ нарасидани кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла бо ихтисоси “шаҳрсозӣ” ҷой дошта, масъалаи тайёр намудани кадрҳо дар хориҷи кишвар ба миён омадааст.
Аз ин лиҳоз, Кумита тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба квотаи довталабони бурсияҳои таҳсилии байнидавлатӣ ва стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” барои таҳсил ба хориҷи кишвар ворид намудани 5 мутахассис бо ихтисоси “Меъморӣ” ва 5 мутахассис бо ихтисоси “Шаҳрсозӣ” ва барои ба нақша гирифтани онҳо дар соли 2017 ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мактубҳои расмӣ муроҷиат намуда буд.
Бо мақсади баланд бардоштани санъати меъмории шаҳрсозӣ Кумита дар ин самт ҳамарӯза чораҳои зарурӣ андешида истодааст.
Раиси Кумита изҳор дошт, ки вобаста ба масъалаи мазкур Кумита 26 октябри соли 2016 Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Таҷриба, проблема ва дурнамои баланд бардоштани сифати корҳои лоиҳакашӣ, сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ” гузаронида, қарорҳои дахлдор қабул намуда, иҷроиши онро зери назорати доимӣ қарор додааст.
Ҳамзамон, Кумита бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва сифати коргузории сармеъморони шаҳру ноҳияҳо дар соли сипаригашта семинар-машваратҳо ва курсҳои такмили ихтисос гузаронид. Инчунин, Кумита соли ҷорӣ низ ин корҳоро дар ин самт идома медиҳад. Вобаста ба ин масъала, Кумита даъвати устодони варзидаро аз хориҷи кишвар барои гузаронидани дарсҳои омӯзишӣ (мастер-класс) ба меъморони лоиҳакаши ҷумҳурӣ ба нақша гирифтааст.
Дастуру супоришҳо вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта дар корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла истифодаи масолеҳи сохтмонии пастсифат дар иншоотҳои давлатӣ Кумита ба инобат гирифта, тасмим гирифтаааст, ки минбаъд низ ба сифати масолеҳ ва конструксияҳои сохтмонӣ диққати ҷиддӣ дода, Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонии Кумитаро барои санҷиши сифати масолеҳи сохтмонӣ дар иншоотҳои сохташаванда бештар сафарбар намояд.
Мутобиқи қарори ҳайати мушовараи Кумита ташкилотҳои лоиҳакаши ҷумҳурӣ новобаста аз шакли моликияташон вазифадор карда шудаанд, ки дар таҳияи лоиҳаи бинову иншоотҳо масолеҳи сохтмонии баландсифатро ба инобат гиранд.
Сатҳу сифати корро беҳтар намоемМуовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим дар назди ҳозирин сухан ронда, аз кормандони соҳаи сохтмон ва меъморӣ даъват намуд, ки хубтар фаъолият карда, сифату дараҷаи иҷрои корҳоро беҳтар намоянд.
Азим Иброҳим ба яке аз лаҳзаҳои хотирмони соли гузашта диққати ҳозиринро ҷалб намуд, ки ин ҳам моҳи декабр бо Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид ва ҷонибдории беш аз 190 кишвари ҷаҳон қабул шудани ташаббуси нави башардӯстонаю ҷаҳонии Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, 2018-2028” мебошад ва Сарвари давлат бо ин ташаббуси беназири ҷаҳонии худ бори дигар мақому манзалати Тоҷикистон ва обрӯю шуҳрати мардуми сарбаланди онро дар арсаи байналмилалӣ бештар гардониданд. Ў ҳамчунин дар бораи таҷлили 20-солагии Ваҳдати миллӣ, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Ваҳдат таҷлил мегардад, ёдовар шуда, аз сармеъморони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даъват намуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои дахлдор, ки бо мақсади дар сатҳи баланд ва босифат ба анҷом расонидани сохтмони бинову иншоотҳои ҷашнӣ ҳамкориро бо мутахассисони Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ пурзӯр намоянд.
Сатҳу сифати корро беҳтар намоем
Аз номи ҳамаи шумо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пеш аз ҳама Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бовар мекунонам, ки мо - кормандони соҳаи сохтмону меъморӣ барои боз ҳам беҳтар кардани сифати корҳои сохтмониву лоиҳакашӣ, суръат бахшидан ба равиши фаъолияти бинокорӣ ва ободу зеботар кардани Ватани азизамон дастуру супоришҳои Сарвари давлатамонро сармашқи кори худ карда, ба комёбиҳои боз ҳам бештар ноил мегардем.
Бо назардошти таҳлилҳои зикршуда Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017 вазифаҳои мушаххас гузошта, лоиҳаи қарор оид ба вазифаҳои семоҳаи аввали соли ҷориро қабул намуд.

мухбири “РБ”




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво