19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва ИМА дар қолаби С5+1 дар шакли видеоконференсия баргузор гардид

138
Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва ИМА дар қолаби С5+1 дар шакли видеоконференсия баргузор гардид28 феврал мулоқоти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Котиби давлатии ИМА дар қолаби С5+1 дар видеоконференсия баргузор шуд, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории шарикӣ дар қолаби мазкур баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо ба мавзӯи амнияти минтақавӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.

Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва ИМА дар қолаби С5+1 дар шакли видеоконференсия баргузор гардид


Ёдовар мешавем, ки қолаби C5 + 1 формати мусоиди мулоқот ва платформа барои кӯшишҳои муштарак баҳри ҳалли масъалаҳое, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва давлатҳои Осиёи Марказӣ бо онҳо рӯ ба рӯ мегарданд, мебошад. Дар вохӯрии аввалини вазирҳо дар формати С5 + 1, ки моҳи ноябри соли 2015 дар Самарқанд баргузор гардид, вазирони шаш давлат ба мувофиқа омаданд, ки таваҷҷуҳи хоссаро ба се бахши асосии дорои аҳамияти умумӣ равона намоянд: амният, иқтисодиёт ва масъалаҳои муҳити зист (экологӣ).

Дар вохӯрии дуюми вазирон дар формати С5+1, ки моҳи августи соли 2016 дар Вошингтон баргузор гардид, вазирони шаш давлат ба мувофиқа омаданд, ки панҷ лоиҳаро дар се соҳаи асосӣ роҳандозӣ намоянд. Аз лаҳзаи таъсиси формати C5 + 1 давлатҳои Осиёи Марказӣ дар усулҳои минтақавии баррасии масъалаҳо бештар манфиатдор гардидаанд ва формати мазкурро ҳамчун катализатор барои амалҳои муштарак дида мебароянд.

АКСҲО: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво