Ҷонибдории сокинони ноҳияи Сангвор аз Паёми Пешвои миллат
885
Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шарҳ додани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати Рустам Ҳайдаров, мудири шуъбаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Юнус Юсуфӣ- муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Нарзулло Каримов- устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия дар ҷамоатҳои деҳоти Сангвор, Вахё, Тавилдара ва Чилдараи ноҳияи Сангвор бо аҳолӣ вохӯрию суҳбатҳо доир намуданд.
Меҳмонон ҳадаф ва муҳтавои Паёми навбатии Сарвари давлатро ба мардум возеҳу равшан фаҳмониданд. Сокинони ноҳия изҳор доштанд, ки тамоми қувваю ғайрати хешро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, равона намуда, барои ободию шукуфоии Тоҷикистон пайваста хизмат менамоянд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |