3 декабр 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Аҳамияти эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо. Шарҳи мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»

1220
Аҳамияти эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо. Шарҳи мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»Пиряхҳо яке аз сарчашмаҳои асосии об ба ҳисоб рафта, нақши онҳо дар таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ зиёд аст. Аммо раванди тағйирёбии иқлим имрӯз барои ҳифзи пиряхҳо монеа гардида, боиси аз меъёр зиёд об гардидани онҳо шудааст. Аз ҷумла, дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва гармшавии бесобиқаи ҳаво аз шумораи зиёди пиряхҳои дар кӯҳсори Тоҷикистон мавҷуда то имрӯз беш аз 1 ҳазори он пурра аз байн рафтааст. Ин дар ҳолест, ки то шаст фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд.

Бо назардошти таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об, бахусус пиряхҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии навбатии худ дар Иҷлосияи 76-уми Маҷмаи умумии СММ аз зарурати эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бори нахуст дар ҷаласаи нахустини сатҳи баланди гурӯҳи муассисони Эътилофи ҷаҳонии обу иқлим аз ҷониби Сарвари давлат пешниҳод гардида буд, ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки ташаббуси мазкур барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли масоили обу иқлим ва обшавии пиряхҳо мусоидат хоҳад кард. Ба андешаи коршиносони соҳа, пешниҳоди ташаббуси навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар шароити имрӯзаи тағйирёбии иқлим муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Тафсилоти бештари мавзӯъ вобаста ба аҳамияти эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки 24 сентябри соли 2021 дар Иҷлосияи 76-уми Маҷмаи умумии СММ аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора зарурати он ишора шуд, имрӯз соатҳои 10:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии «Сарват»—и Радиои «Ховар» бо иштироки коршиноси масоили экологии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан Асоев дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода пешниҳоди шунавандагон мегардад.


АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво