27 сентябр 2022, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе нишасти Гурӯҳи кории доимамалкунанда доир ба ҷалби сармояи хориҷӣ баргузор гардид

41
Дар Душанбе нишасти Гурӯҳи кории доимамалкунанда доир ба ҷалби сармояи хориҷӣ баргузор гардид24 феврал дар Душанбе нишасти сеюми Гурӯҳи кории доимамалкунанда доир ба ҷалби сармояи хориҷӣ таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода ва узвияти роҳбарияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳузури маҷозии роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласа нақшаи амали Гурӯҳи корӣ дар соли ҷорӣ, густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, таҳкими абзорҳои ҳамоҳангсозии байнисохторӣ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ, танзими парвозҳои ҳавоӣ, татбиқи лоиҳаҳои авлавиятнок тибқи ҳадафҳои стратегӣ ва ташкили ҳамоишу анҷуманҳои соҳибкорӣ бо кишварҳои хориҷии мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардид.

Дар Душанбе нишасти Гурӯҳи кории доимамалкунанда доир ба ҷалби сармояи хориҷӣ баргузор гардид


Тавре дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 таъкид намуданд, «бо вуҷуди таъсири бемории сироятии КОВИД–19, дар соли 2021 ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 6,8 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 2,5 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуд, ки нисбат ба соли 2020 ҳаҷми сармоя 42 фоиз ва сармояи мустақими хориҷӣ 39 фоиз зиёд мебошад».

Дар ин росто Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки ҷиҳати тақвият бахшидани ҷалби сармояи хориҷӣ, хусусан, сармояи мустақим барои бахшҳои саноати коркард мунтазам чораҷӯӣ намояд.

АКСҲО: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво