24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Хайринисо Юсуфӣ туҳфаҳои Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмонро ба кӯдакони имконияташон махдуди шаҳри Хоруғ расонид

243
Хайринисо Юсуфӣ туҳфаҳои Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмонро ба кӯдакони имконияташон махдуди шаҳри Хоруғ расонид25 феврал муовини Раиси Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ аз ташкилоти ҷамиятии «Маркази НУР» дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дидан намуда, аз номи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакони имконияташон махдуд туҳфаҳо супорид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ҲХДТ.

Аз ҷониби муовини Раиси ҲХДТ ва роҳбарияти вилоят ба шогирдони филиали Муассисаи давлатии «Литсейи касбии махсуси маъюбон» дар ноҳияи Рӯшон либос ва пойафзоли гарми зимистона тақдим гардид. Туҳфаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба 31 нафар донишҷӯёни ин муассисаи махсус дастрас шуданд, ки ин боиси хурсандии шогирдону устодон гардид.

Хайринисо Юсуфӣ аз иқдомҳои хайрхоҳонаи роҳбарияти ҲХДТ ёдовар шуда, иброз дошт, ки дар ҳама мулоқот ва суханрониҳояшон Пешвои миллат ин қишри ниёздоштаи ҷомеаро пайваста дастгирӣ намуда, шахсони саховатпеша ва соҳибкоронро ба корҳои хайру эҳсонкорӣ ҳидоят менамоянд.

«Дар ҷавоб ба ин дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ҳар яки шумо бояд дар омӯхтани касб ҷиддӣ бошед, то дар зиндагӣ ба мушкилот дучор нагардед», — таъкид кард Хайринисо Юсуфӣ.

Хайринисо Юсуфӣ туҳфаҳои Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмонро ба кӯдакони имконияташон махдуди шаҳри Хоруғ расонид


Дар ин радиф тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии таълимии Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшон ба номи Додихудо Карамшоев аз мадди назари Пешвои муаззами миллат дар канор намонданд. Ба муассиса дар Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар кӯмаки навбатии маводи ғизоӣ, аз қабили орду биринҷу равған, шакар, пиёзу картошка, гӯшт ва дигар номгӯи маҳсулоти ниёзи аввал дар ҳаҷми 2,5 тонна дастрас гардид.

Зикр шуд, ки ин муассисаи сатҳи ҷумҳуриявӣ бо дастгирии роҳбарияти давлат соли 2010 бо тамоми шароити муосир бунёд гардида, дар он 170 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 33 омӯзгор ва 15 муарббия ба фарзандони зодаи истиқлол таълим медиҳанд.

Хайринисо Юсуфӣ туҳфаҳои Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмонро ба кӯдакони имконияташон махдуди шаҳри Хоруғ расонидУстодону шогирдони Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшон минатдории худро ба Пешвои миллат баён карданд, ки дар ҳама фасли сол нисбат ба хонандагони чунин муассисаҳои иҷтимоӣ ғамхорӣ зоҳир менамоянд.

Роҳбарияти вилоят ва муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар пешайвони бино бо устодону хонандагони муассисаи таълимӣ мулоқот намуданд.

Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ барои таълиму тарбияи насли наврас тамоми имконияту шароитро фароҳам оварда, ҳазорҳо муассисаҳои таълимии типи ҷаҳониро дар мамлакат дар ихтиёри ҷавонону наврасон қарор доданд. Роҳбарияти вилоят таъкид дошт, ки имрӯзҳо дастпарварони муассисаҳои таълимии вилоят дар озмун ва олимпиадаҳои сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштироки фаъолона намуда, танҳо дар соли 2021 83 медал ба даст овардаанд.

Аз ҳайати омӯзгорон тақозо шуд, ки дар баробари таълим ба тарбияи шогирдон диққати ҷиддӣ дода, тарбиятгирандагонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан-Модар ба воя расонанд.

Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рӯшон коргоҳи дӯзандагӣ бо таъмини намудани ҷойи кор барои 30 нафар бонувон таъсис ёфт. Ба коргоҳи дузандагӣ аз ҷониби Пешвои миллат 15 мошинаи дарздӯзӣ тақдим гардид.

Хайринисо Юусуфӣ саҳми занону модарони Рӯшонро дар рушди вилоят шоистаи таҳсин хонда, зикр намуд, ки бо ҳидояти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон боз як коргоҳи дӯзандагӣ фаъол гардид, ки дар таъмини занони хонанишин бо шуғл мусоидат намуд.

Бояд гуфт, ки бо гранти президентӣ дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон 5 коргоҳи хурд фаъолият доранд, ки дар онҳо аз 3 то 6 нафар ба кор таъмин шудаанд.

Роҳбарияти вилоят барои дастгириҳои ҳамешагӣ изҳори сипоси Ҳукумати вилоятро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошт.

Хайринисо Юсуфӣ туҳфаҳои Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмонро ба кӯдакони имконияташон махдуди шаҳри Хоруғ расонид


Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот гуф, ки занони сарбаланди ноҳия барои дар оянда афзун намудани корхонаҳои хурди истеҳсолӣ лоиҳаҳои сармоягузории худро таҳия карда, ба мақомоти ноҳия ва вилоят пешниҳод намоянд.



Аксҳо: КИ ҲХДТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво