28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳри Ҳисор конференсияи миллии сайёҳӣ баргузор гардид

261
Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди саноат (2022-2026) бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо ҷалби масъулини шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва субъектҳои фаъолияти сайёҳӣ дар мавзӯи “Имконият ва дурнамои рушди саноати сайёҳӣ дар минтақаи Ҳисор” ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ҳамоиш масъалаҳои тайёр намудани роҳбаладони касбӣ, зимни муаррифии мавзеъҳо такя намудан ба маълумоти аз ҷиҳати илмӣ асоснок, гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар мавзеъҳои сайёҳӣ, ташаккули фарҳанги сайёҳӣ, рушди сайёҳии дохилӣ, муаррифии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамчун бренди сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди самараноки фаъолияти сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамчунин масъулини мақомот ва роҳбарони субъектҳои хизматрасонӣ вобаста ба имконияти мусоиди ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ ба рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар минтақаи Ҳисор, иқтидорҳои табиӣ, экологӣ, аграрӣ ва таърихию фарҳангии минтақа ҳамчун омили рушди туризми экологию аграрӣ, фарҳангию этнографӣ ва имконияти ташкили хатсайрҳои нави сайёҳӣ мубодилаи афкор намуданд.

Бо мақсади шиносоӣ бо имконияти сайёҳӣ иштирокчиёни ҳамоиш аз корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Ҳисор дидан намуданд.

Соли 2021 аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, табиию экологӣ ва табобатии шаҳри Ҳисор беш аз 84 ҳазор нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ боздид намудаанд, ки ин омор дар қиёс ба соли 2020 беш аз 41 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Тазаккур дода шуд, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти ҳар давлат ба ҳисоб рафта, дар тӯли даҳсолаҳо новобаста ба буҳронҳои иқтисодию молиявӣ, таҳаввулоти сиёсӣ ва тағйироти иҷтимоӣ бо суръат ва устувор рушд намуда, дар таъмини шуғл ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши муҳим дорад. Дар ин самт саноати сайёҳӣ дар ҷаҳон доимо дар ҳоли рушд аст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво