29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пагоҳ дар шаҳри Ваҳдат намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри Муассисаи нашриявии «Адиб» доир мешавад

99
Пагоҳ дар шаҳри Ваҳдат намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри Муассисаи нашриявии «Адиб» доир мешавадПагоҳ дар майдони Қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри Муассисаи нашриявии «Адиб» доир мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар муассисаи мазкур.

Чун аънана дар ин намоиш — фурӯш низ як зумра шоирону нависандагони маъруфи тоҷик иштирок намуда, ба китобҳои харидаи иштирокдорон соядаст мегузоранд. Дар ин маъракаи фарҳангӣ донишҷӯёну омӯзгорон ва сокинони шаҳр бо шоирону нависандагони маъруфи тоҷик аз наздик шинос шуда, суҳбат менамоянд.

Ба гуфти масъулини Муассисаи нашриявии «Адиб», ҳадаф аз баргузории ин ярмарка ҳарчи бештар ба мардум дастрас намудани китоб аст.

Ёдовар мешавем, ки Муассисаи нашриявии «Адиб» тӯли се сол аст, ки иқдоми мазкурро дар саросари мамлакат амалӣ мегардонад. Дар доираи ин тадбири муҳими фарҳангӣ беш аз 5000 нусха китоб, ки фарогири асарҳои бадеӣ, адабиёти классикии форсу тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва адабиёти кӯдакона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, узбекӣ ва ҳуруфоти ниёгон мебошанд, ба фурӯш гузошта шуданд.

Хотиррасон мешавем, ки бори нахуст дар таърихи кишвар бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҳисоби Фонди захиравии Сарвари давлат силсилаи китобҳои қаламкашони барҷастаи тоҷик «Ахтарони адаб» иборат аз 50 ҷилд бо сифати баланд ба нашр расид. Дар ин силсилакитоб осору ашъори адибони тоҷик аз Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то нависандагону шоирони муосири мо гирд оварда шудаанд.

Маросими рӯнамоии силсилакитоби «Ахтарони адаб» ва китобҳои дигари тозанашр, ки тавассути нашриёти «Адиб» ба табъ расидаанд, 10 феврали соли равон дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки олимону адибон, намояндагони муассисаҳои илмию фарҳангӣ ва иттиҳодияҳои эҷодии кишвар баргузор гардид.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво