25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Тавонмандии давлат аз қудрати артиш аст»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон ДУШАНБЕ, 24.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. ДУШАНБЕ, 24.02.2022 /АМИТ «Ховар»/.

221
«Тавонмандии давлат аз қудрати артиш аст»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон  ДУШАНБЕ, 24.02.2022 /АМИТ «Ховар»/.   ДУШАНБЕ, 24.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияҳои даврии Тоҷикистон ҳафтаи сипаригардида оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат хабару гузориш ва мақолаҳои сершумор ба нашр расониданд, ки шарҳи мухтасари онҳоро пешкаши хонандагони сомона мегардонем.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» дар саҳифаи аввали шумораи №36 (24 395), сешанбе, 22 феврали соли равон Фармон, Қарор ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хабарҳои муҳим аз ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакатро зери рубрикаи «Тоҷикистон» ва маводи таҳлилиро таҳти унвони «Тавонмандии давлат аз қудрати артиш аст» ба нашр расонидааст.

Муаллифи маводи «Тавонмандии давлат аз қудрати артиш аст» муовини раиси суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Баҳодур Исозода чунин нигоштааст: «Мо бояд дарк намоем, ки набзи сиёсии ҷаҳони имрӯз ҷомеаро дучори шаклҳои нави муқовимати низомӣ намуда, зуҳуроти терроризму экстремизм, ки аз ҷумлаи фаъолтарин хатарҳои ҷаҳонист, сокинони сайёраро дар ҳоли нигаронӣ қарор додааст. Вале имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик мутмаин ҳастанд, ки Артиши миллӣ бо такя ба он таҷрибае, ки дар солҳои гуногун касб кардааст, ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат дар таъмини сулҳу субот муваффақ хоҳад буд. Бо ин ҳол, шарти пирӯзиҳои дигари мо дар он аст, ки бояд ҳама афроди ҷомеа дар баробари афсарону сарбозони кишвар дар роҳи ҳифзи марзу бум, ваҳдату оромӣ аз худ иродаи матин нишон диҳанд ва эҳсоси баланди садоқату самимият ба халқу Ватани азиз дошта бошанд. Зеро дар ҷаҳони пуртӯфони муосир иҷрои чунин рисолат аҳамияти бештар касб намуда, ҳифзу ҳимояи амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа ва ҳаёти осудаи сокинони мамлакат аз ҳар яки мо вобаста аст».

Дар ин шумораи нашрия хонанда имкон дорад, ки доир ба дастовардҳои ноҳияи Ванҷ аз маводи «Ванҷ. Аз муҳаббати Муҳаббатов ба зодбуму мардуми соҳибистиқлолаш» ва бо ҷараёни корҳои ободонию бунёдкорӣ, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, вусъати корҳои соҳилбандӣ дар вилояти Хатлон аз мақола таҳти унвони «Хатлон. Сарвазири мамлакат бо рафти корҳои ободонӣ шинос шуд» воқиф гардад.

Инчунин дар ин шумора таҳти унвони «Ҷомеа. Ҳамоиши муҳим барои ҳифзи тандурустӣ», «Илм. Саҳми занон дар ташаккули маориф», «Роҳсозӣ. Камбудиҳо дар маблағгзорӣ» ва дигар хабару гузоришҳо аз дохил ва хориҷи мамлакат ба нашр расидаанд.

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Садои мардум» рӯзи панҷшанбе, 24 феврал №25 (4445) суханронии Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 29-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Точикистон таҳти унвони «Артиши миллӣ ба сохтори боэътимод ва муназзами Тоҷикистон табдил ёфтааст», Фармон, Қарор, Амрҳои Президенти Тоҷикистон, гуфтугӯи Маҳмадтоир Зокирзода бо Дэвид Макаллистер, инчунин хабарҳои кӯтоҳ аз ҷараёни нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои мамлакатро ба нашр расонидааст.

«Народная газета»— нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №9 (20342), 23 феврали соли равон суханронии Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 29-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Точикистон, Фармон, Қарор, Амри Сарвари давлат, хабарҳо аз ҷараёни нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои мамлакат ва дигар хабару гузориш аз ҷараёни фаъолияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодии дохил ва хориҷи мамлакатро нашр кардааст.

Инчунин «Народная газета» маводи таҳлилӣ таҳти унвони «Завки Завкизода: «Предпримем все необходимые меры для обеспечения устойчивости макроэкономических показателей», «Ему присущи скромность, честность и правдивость», «Ключевые приоритеты таджикиско-российского сотрудничества» ва дигар матолибро ба нашр расонидааст.

«Минбари халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи №8 (1352), чоршанбе, 23 феврали соли 2022 дар баробари нашри хабару мақола оид ба фаъолияти ҲХДТ, инчунин суханронии Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «29-соли таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», мулоқоти Пешвои миллат бо ҳайаи вакилони Парлумони Аврупо, мубодилаи барқияи табрикии Сарвари давлат ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро нашр намудааст.

Ҳамзамон дар ин шумора мақолаҳо таҳти унвони «Артиши миллӣ-кафили оромию босуботии ҷомеа», «Чаро оилаҳои ҷавон устувор нестанд?», «Марҳилаи нави умр», «Асосгузори мактаби обсабзшиносӣ дар Тоҷикистон», «Рӯзгори ибратбахши муҳандис» ва дигар хабару мавод пешкаши хонандагони рӯзнома гардидаанд.



Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво