19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мегардад

227
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мегардад23 феврал мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Душанбе Валид Абдулраҳман ал-Решайдан доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили марбут ба ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, маориф ва сайёҳӣ табодули афкор намуда, сармояро зарурати тавсеаи ҳамкории муштарак ва афзоиши ҳаҷми гардиши савдо байни ду кишвар таъкид намуданд.

Дар ҷараёни гуфтушунид раванди омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ, ки соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, баррасӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки 22 феврали соли 1992 робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ (ШАС) барқарор гардидаанд. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 11 январи соли 1992 Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Риёз- пойтахти Шоҳигарии Саудӣ сентябри соли 2008 кушода шуд. Сафорати Шоҳигарии Саудӣ дар Душанбе соли 2010 ифтитоҳ ёфт.

Аз лиҳози густаришу тавсеаи ҳамкорӣ таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ аҳамияти хосса дорад. Ҷаласаи якуми Комиссия 28-29 августи соли 2013 дар Душанбе баргузор гардид. Шӯрои соҳибкорон ҳамчун абзори ҳамоҳангсози ҳамкории бахши хусусии ду кишвар таъсис ёфт.

АКС: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво