26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Паём-дастурамали омӯзишиест, ки роҳи минбаъдаи зиндагиро муайян мекунад

974
Дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади ба аҳолӣ ва коллективҳои меҳнатӣ фаҳмонидани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлат ва вазифаҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, гурӯҳҳои таблиғотӣ ташкил ёфтаанд.
Зимни чунин вохӯрӣ, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ бо сокинони ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳр доир кард, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода иброз дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвар нигаронида шудааст.
«Озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем»,-омадааст дар Паём.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво