29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

СММ омода аст дар амалӣ гардонидани ҳадафҳои рушди Тоҷикистон мусоидат намояд

172
СММ омода аст дар амалӣ гардонидани ҳадафҳои рушди Тоҷикистон мусоидат намояд21 феврал вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Директори минтақавӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Дафтари ҳамоҳангсозии рушди СММ хонум Гви-Йоп Сон баргузор гардид, ки зимни он мусоҳибон корҳои омодагиро ҷиҳати баргузор намудани ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Форуми рушди Тоҷикистон муҳокима намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

З. Завқизода ба хонум Гви-Йоп Сон барои ҳамкории мутақобилан судманд вобаста ба амалӣ намудани ҳадафу афзалияти кишвар миннатдорӣ баён намуд.

Пешниҳод гардид, ки дар Барномаи кишварии оҷонсиҳои СММ барои солҳои минбаъда ҳадафу афзалияти стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин рушди «иқтисоди сабз» ва иқтисоди рақамӣ ба инобат гирифта шаванд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ инчунин масъалаҳои омодагӣ ба пешниҳоди Ҳисоботи ихтиёрии (VNR) дар СММ дар доираи Ҳадафҳои рушди устувор, ки соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Хонум Гви-Йоп Сон омодагии Созмони Милали Муттаҳид ва оҷонсиҳои онро барои мусоидат дар амалӣ гардонидани ҳадафу афзалияти рушди кишвар ва баргузории чорабиниҳои мазкур баён намуд.



АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво