18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар назди Қасри Арбоб Боғи фарҳангию фароғатӣ бо назардошти меъмории милливу муосир бунёд мешавад

145
Дар назди Қасри Арбоб Боғи фарҳангию фароғатӣ бо назардошти меъмории милливу муосир бунёд мешавадБахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Қасри Арбоб, ки макони баргузории ин иҷлосияи таърихӣ буд, Боғи фарҳангию фароғатӣ бо назардошти меъмории милливу муосир сохта мешавад. Дар ин бора корманди Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Боғи мазкур бо дарвозаи асосӣ, нишастгоҳҳо, гулгашту фаввораҳо сохта шуда, барои нақлиёт низ ташкили таваққуфгоҳ пешбинӣ гардидааст.

20 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷойи бунёди боғи фарҳангию фароғатӣ боздид карда, бо лоиҳаи иншоот шинос шуд ва барои такмилу татбиқи лоиҳа ба масъулин супориш дод.

Бунёди боғи фарҳангию фароғатӣ дар назди Қасри таърихии Арбоб барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон мувофиқ буда, аз ин макони таърихӣ ҳамасола садҳо нафар меҳмонони хориҷӣ боздид менамоянд. Аз ин лиҳоз боғи нав метавонад барои сайёҳон макони хуби истироҳативу сайёҳӣ бошад.

Бояд гуфт, ки имсол мардуми кишвар 30-юмин солгарди баргузории яке аз рӯйдодҳои муҳиму сарнавиштсоз — Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол менамояд. Маҳз 30 сол пеш вакилони Парлумони Тоҷикистон бо назардошти авзои мураккаби сиёсию ҷамъиятии ҷумҳурӣ дар Қасри Арбоб ҷамъ омада, қарорҳои муҳимеро, ки сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон ба онҳо сахт марбут буд, қабул намуданд. Дар он шабу рӯзҳои тақдирсоз хиради азалии миллати тоҷик боло гирифт ва дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлати Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд баҳри барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини амнияти миллӣ, пойдории таҳкурсии давлат, рушди муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва байналмилалӣ заминаи муҳим ва мусоид фароҳам овард.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво