3 декабр 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Эмомалӣ Раҳмон : “Сохтмон яке аз соҳаҳои муҳимми иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад”.

203
Эмомалӣ Раҳмон : “Сохтмон яке аз соҳаҳои муҳимми иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад”.


Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар ҷамъомади вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисод Назирӣ Гулбаҳор, мудири шуъбаи равобити Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир, Абдулло Раҳнамо, кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарон ва кормандони корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита иштирок намуданд.
Садри маҷлис муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Каримзода дар суханронии худ қайд намуд, ки Паёми имсолаи Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид, ҳамчун ҳуҷҷати фарогири таҳлилу баррасии амиқи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат шинохта шуда, дурнамои рушди устувори кишварро дар ҳамаи самтҳо муайян намудааст.
Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат моҳияти равандҳои асосии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ арзёбии амиқ ёфта, маҷмӯи масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат баррасии ҳамаҷониба гашта, барои рушди устувори ҳар як соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои зарурӣ дода шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон : “Сохтмон яке аз соҳаҳои муҳимми иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад”.


Умуман, дар бист соли охир дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди кишвар лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи 91 миллиард сомонӣ татбиқ гардид.
Сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд, ки аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.
Ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоии аҳолии кишвар танҳо дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар се соли охир зиёда аз 24 ҳазору 682 иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ ба маблағи 18,8 млрд. сомонӣ сохта, ба истифода дода шуданд, ки ба симои шаҳру ноҳияҳо ҳусни нав зам намуда, ба сатҳи иҷтимоии аҳолӣ таъсири мусбӣ расонид. Дар ин раванд 74686 ҷойҳои кории доимӣ ва мувақкатӣ муҳайё гардид.
Вобаста ба қисмати соҳаи сохтмону меъморӣ ва масъалаҳои корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳо, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки сохтмон яке аз соҳаҳои муҳимми иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.
Танҳо соли 2021 дар кишвар дар ҳаҷми 12,2 миллиард сомонӣ корҳои сохтмону васлгарӣ иҷро гардидааст, ки нисбат ба соли 2020-ум 20 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин муддат ба маблағи беш аз 3,5 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта, 1,2 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти дигар ба истифода дода шудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон : “Сохтмон яке аз соҳаҳои муҳимми иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад”.


Доир ба масъалаҳои соҳа Пешвои муаззами миллат Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти марбутаро вазифадор намуданд, ки ҳангоми таҳия ва татбиқи нақшаҳои генералии шаҳрҳо ва шаҳраку деҳоти мамлакат банақшагириву бунёди иншооти иҷтимоиву сайёҳӣ ва дигар иншоотро бо риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, санъати баланди меъморӣ, истифодаи васеи унсурҳои меъмории милливу замонавӣ, технологияҳои муосир ва масолеҳи сифатноки сохтмон таъмин намоянд.
Илова бар ин, ҳангоми лоиҳакашӣ зарур аст, ки пеш аз ҳама, сохтмони мактабҳо, боғчаҳои кӯдакон, марказҳои саломатӣ ва дигар инфрасохтори иҷтимоӣ ва коммуникатсионӣ ба нақша гирифта, дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо бунёди ҳатмии биноҳои истиқоматии баландошёна пешбинӣ карда шавад.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои баёншуда Нақшаи чорабиниҳои Кумита тасдиқ карда шуда, баҳри иҷрои он кормандони Кумита ва сохторҳои он вазифадор карда шуданд. Мутмаинем, ки ҳамаи кормандони соҳа дастуру супоришҳоро сармашқи кори худ намуда, барои таъмини нақшаи чорабиниҳо кӯшиш ба харҷ ҳоҳанд дод,- таъкид намуд А.Каримзода.
Эмомалӣ Раҳмон : “Сохтмон яке аз соҳаҳои муҳимми иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад”.

Меҳмонони имрӯзаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Назирӣ Гулбаҳор ва мудири шуъбаи равобити Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдулло Раҳнамо дар суханрониҳои худ оид ба баъзе нуктаҳои муҳими Паём шарҳу тавзеҳ доданд.

“РБ”




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво