28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ШУНИДАН КАЙ БУВАД МОНАНДИ ДИДАН. Иштироки донишҷӯён дар ҳафриёти бостоншиносӣ имкон медиҳад шоҳиди кашфиёт гарданд

313
ШУНИДАН КАЙ БУВАД МОНАНДИ ДИДАН. Иштироки донишҷӯён дар ҳафриёти бостоншиносӣ имкон медиҳад шоҳиди кашфиёт гардандДонишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент яке аз муассисаҳои олии таълимии кишвар буда, барои омода намудани кадрҳо саҳми арзанда мегузорад. Донишкада ягона муассисаи олии таълимӣ дар водии Зарафшон ба ҳисоб рафта, мутахассисонро дар якчанд самт омода месозад, ки яке аз онҳо самти бостоншиносӣ ва таърих мебошад. Донишкада ҳамасола дар ҳамкорӣ бо Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ донишҷӯёни ихтисоси таърихро барои таҷрибаомӯзии бостоншиносӣ ба ёдгориҳои нодири водии Зарафшон сафарбар менамояд ва олимони ин Институт пайваста дар ҳамкорӣ мебошад.

Дар мавриди иштироки ҳамасолаи донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ҳафриёти бостоншиносӣ ва таассуроти онҳо аз дидани маконҳои таърихӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ходими илмии Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон Абдураҳим ПӮЛОДОВ ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Таҷрибаомӯзии донишҷӯёни донишкада асосан дар кадом ёдгориҳо ба назар гирифта шудааст ва ба он киҳо роҳбарӣ мекунанд?

А. Пулотов: Донишҷӯён-таҷрибаомӯзони донишкада имкон доранд дар ҳафриёти ёдгории аҳди биринҷии Саразм, шаҳракҳои Панҷакенти Қадим, Сандҷаршоҳ, (дар шаҳру деҳоти Панҷакент), Ҳисораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва ғайра, ки дар соҳилҳои чап ва рости дарёи Зарафшони ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд, ширкат варзанд. Ин ёдгориҳо аслан аз аҳди биринҷ то асрҳои миёнаро дар бар мегиранд, ки барои дарки саҳифаҳои таърихии аҷдодиамон муҳиманд. Таҷрибаомӯзии бостоншиносиро номзадҳои илмҳои таърих, бостоншиносони варзида Шарофиддин Қурбонов, Абдурауф Раззоқов, Исматулло Раҳматуллоев роҳбарӣ мекунанд.

ШУНИДАН КАЙ БУВАД МОНАНДИ ДИДАН. Иштироки донишҷӯён дар ҳафриёти бостоншиносӣ имкон медиҳад шоҳиди кашфиёт гарданд


АМИТ «Ховар»: Ширкати донишҷӯёни таҷрибаомӯз дар ҳафриёт нисбат ба шунидану хондани маълумот чӣ афзалият дорад?

А. Пулотов: Гуфтаанд: шунидан кай бувад монанди дидан. Таҷрибаомӯзӣ дар ин ёдгориҳо ба ҳар донишҷӯи ихтисоси таърих имкон медиҳад, ки бо маданияти моддии ҳар як марҳилаи таърихӣ аз наздик ва бевосита шинос шаванд. Донишҷӯёни таҷрибаомӯз метавонанд худ бозёфт пайдо намоянд, бо назорати роҳбари ҳафриёт шоҳиди кашфиёти бостоншиносӣ гарданд. Инчунин бо кор ва фаъолияти бостоншиносии саҳроӣ, ки якчанд мутахассисро ташкил медиҳад, хуб шиносоӣ пайдо намоянд. Агар донишҷӯи таҷрибаомӯз нисбат ба фаъолияти ин ё он мутахассис шавқу ҳавас пайдо кунад, имкон дорад аз он мутахассис нозукиҳои касбро омӯзад. Албатта, дар як марҳилаи кӯтоҳи таҷрибаомӯзӣ омӯхтани ҳама нозукиҳо имкон надорад, вале дар мавсимҳои минбаъда метавонад омӯзишро идома диҳад.


АМИТ «Ховар»: Шумо ёдовар шудед, ки дар ҳафриёт якчанд мутахассиси соҳаи бостоншиносӣ ширкат меварзанд. Оё донишҷӯёни таҷрибаомӯз метавонанд аз онҳо сабақ гиранд?

А. Пулотов: Бале. Мақсади сафарбар намудан ба таҷрибаомӯзии саҳроӣ – ин дар амал тадбиқ намудани донишҳои назариявӣ ва сабақ омӯхтан аз устодону мутахассон аст. Дар ҳар ҳафриёт мутахассисини соҳаҳои гуногун, ки ба бостоншиносӣ рабт доранд, ширкат мекунанд. Дар ҳафриёти бостоншиносии ин ё он ёдгорӣ меъмор, рассом, тармимгар, хокшинос, зироатшинос (мутахассисоне, ки ба омӯзиши зироати қадимӣ машғуланд), антропологҳо, сиккашиносон ва монанди онҳо иштирок мекунанд. Донишҷӯёни таҷрибаомӯз метавонанд аз онҳо сабақ омӯзанд ва дар оянда вобаста ба шавқашон дар самтҳои дар боло зикршуда дар зинаҳои минбаъда (магистратура, аспирантура ё зинаи PhD) на танҳо дар кишварамон, балки дар хориҷи он низ метавонанд таҳсилашонро идома диҳанд.

АМИТ «Ховар»: Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент барои омода намудани бостоншиносони ҷавон дар хориҷи кишвар чӣ саҳм дорад?

А. Пулотов: Иштирок дар ҳафриёти муштараки Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ дар сатҳи байналмилалӣ- ин гузаштан аз мактаби таҳқиқотист. Бешубҳа, донишҷӯёни таҷрибаомӯз метавонанд нозукиҳои илми бостоншиносиро дар сатҳи баланд омӯзанд. Такрор ҳам шавад, бояд гуфт, ки ин пеш аз ҳама, аз шавқу завқи худи донишҷӯён вобастагии ниҳоят калон дорад.

Донишкада дар навбати худ бо якчанд донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои хориҷии дуру наздик ҳамкорӣ дорад ва вобаста ба мавҷудияти бурсияҳо метавонад донишҷӯёни худро дар зинаҳои минбаъдаи таҳсил ба хориҷи кишвар сафарбар намояд. Дар соҳаи бостоншиносӣ низ донишҷӯён метавонанд дар хориҷ таҳсилашонро идома диҳанд. Инчунин ҳар замон аз ҷониби мутахассисони хориҷӣ, ки ба ҳафриёт омадаанд, ба донишҷуёни ДОТ дар шаҳри Панҷакент оид ба масоили мухталифи бостоншиносӣ ва таърихи халқи тоҷик дарс мегӯянд.


Ин ҳама мулоҳизаи мо дар мисоли ДОТ дар шаҳри Панҷакент буд, ки донишҷӯёни самти таърих-бостоншиносиро барои гузаронидани таҷрибаомӯзии саҳроӣ ба ҳафриёти гуногуни болооби водии Зарафшон сафарбар менамояд. Тоҷикистон аз ёдгориҳои бостонӣ, ки замонҳои мухталифи ҳаёти инсонҳоро дар бар мегиранд, бой аст ва ҳамасола Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш дар ин ё он ёдгориҳои кишвар бо иштироки олимони хориҷӣ ҳафриёту корҳои таҳқиқотӣ мегузаронад, ки дар онҳо метавонанд донишҷӯёни самти таъриху бостоншиносӣ таҷрибаомӯзии худро гузаронанд.

Ин дар навбати худ ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки аз таърихи пурифтихор ва ёдгориҳои бостонии он, ки на танҳо диққати сокинони мамлакат, балки шаҳрвандони хориҷиро низ ба худ ҷалб намудаанд, бархурдор шаванд.

АКСҲО аз бойгонии шахсии А. Пулотов




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво