6 октябр 2024, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Шарҳи Паёми Пешвои миллат дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт

1376
Барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардидаанд, дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва донишҷӯёну омӯзгорони ин муассиса ҷамъомад баргузор гардид. Дар ин бора масъулини Коллеҷи тиббии ноҳия ба хабарнигори иттилоъ доданд.
Мақсади ҷамъомад- бори дигар ба самъи донишҷӯён расонидани мазмуну муҳтаво ва мақсаду мароми Паёми Пешвои миллат мебошад, то дар оянда ҷавонон нуктаҳои муҳими Паёмро сармашқи зиндагии хеш қарор диҳанд.
Донишҷӯён эълони Соли ҷавононро хуб истиқбол гирифта, изҳор доштанд, ки бо дастгирӣ ва ғамхориҳои бевоситаи Сарвари давлат барои донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт бинои замонавии коллеҷ ва хобгоҳи донишҷӯён ба истифода дода шуд.
«Ин ғамхориҳои Пешвои миллат моро водор месозанд, ки роҳи ростро интихоб намуда, ба Ватану миллати хеш сарбаландона хизмат намоем»,- иброз доштанд ҷавонон.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво