6 октябр 2022, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар самти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ чор санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд

234
Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар самти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ чор санади ҳамкорӣ ба имзо расонидандМиёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар самти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ чор санади ҳамкорӣ ба имзо расид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Санадҳо дар доираи сафари гурӯҳи кории Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон аз ҷониби муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Раҳмонзода ва муовини якуми Вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Узбекистон Эркин Муҳиддинов ба имзо расонида шуданд.

Инҳо Ёддошти тафоҳум миёни Агентии муҳоҷирати меҳнатии назди Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Узбекистон ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эъломияи ҳусни ният оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои назорати давлатии меҳнат, Эъломияи ҳусни ният оид ба масъалаҳои рақамикунонии муносибатҳои меҳнатӣ ва идоракунии лоиҳаҳо дар самти меҳнат миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази идоракунии лоиҳаҳо дар самти меҳнати назди Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Узбекистон, Эъломияи ҳусни ният оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои таҳсилоти касбӣ мебошанд

Санадҳои баимзорасида барои густариши ҳамкории судманди дуҷониба заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Ёдовар мешавем, ки аз 14 то 18 феврал гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Абдуғаффор Раҳмонзода ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуд.

Мақсади сафар омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар самти рақамикунонии хизматрасониҳо барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ тибқи талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар, ҳамчунин табодули таҷриба дар расонидани кумаки амалӣ ҷиҳати бо кор таъмин кардани хатмкунандагони курсҳои омӯзишӣ мебошад.


АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво