18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳарифони паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи Гранд Слами Тел Авиви Исроил муайян гардиданд

160
Ҳарифони паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи Гранд Слами Тел Авиви Исроил муайян гардидандТавре қаблан хабар дода будем, аз 17 то 19 феврал дар шаҳри Тел-Авив мусобиқаи Tel Aviv Grand Slam 2022 баргузор мешавад, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.

Дар мусобиқаи мазкур 309 варзишгар (170 мард, 139 зан) аз 34 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 4 варзишгари шинохта – Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Шодмон Ризоев (-81кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) намояндагӣ мекунанд.

Хотиррасон мешавем, ки дар асоси барномаи мусобиқа Сомон Маҳмадбеков ва Шодмон Ризоев рӯзи дуюм (18 феврал), Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳимов рӯзи сеюм (19 феврал) гӯштин мегиранд. Чун анъана варзишгароне, ки медал ба даст меоранд, соҳиби ҷоизапулӣ низ мешаванд: барои ҷои аввал 3000 евро, ҷои дуюм 2000 евро ва ҷои сеюм 1500 евро.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ:

Cомон Маҳмадбеков рақобатро аз даври дуюм ба муқобили ғолиби ҷуфти Ёнезука (ИМА) – Сантос Юниор (Бразилия) оғоз мекунад.

Шодмон Ризоев дар даври аввал бо дзюдочии маъруфи мизбон, чемпиони ҷаҳон-2019 – Саги Муки қувваозмоӣ хоҳад кард.

Ҷаҳонгир Маҷидов дар даври якум бо варзишгари Узбекистон – Шермаҳмад Ҷандреев рӯи татами мебарояд.

Темур Раҳимов рақобатро аз даври дуюм бар зидди Компаниез Серафими исроилӣ шурӯъ мекунад.

Барномаи баргузорӣ:

Рӯзи 1 | 17-уми Феврал | Панҷшанбе

Оғоз: 14:00

Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00

Занон: -88 kg, -52 kg, -57 kg;

Мардон: -60 kg, -66 kg

Рӯзи 2 | 18-уми Феврал | Ҷумъа

Оғоз: 14:00

Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00

Занон: -63 kg, -70 kg;

Мардон: -73 kg, -81 kg

Рӯзи 3 | 19-уми Феврал | Шанбе

Оғоз: 14:30

Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00

Занон: -78 kg, +78 kg;

Мардон: -90 kg, -100 kg, +100 kg

Ёдовар мешавем, ки ин сеюмин мусобиқаи сатҳи баланд дар соли равон мебошад. Қаблан мусобиқаи Гран Прии Португалия ва Гранд Слами Париж хеле ҷолиб баргузор гардида буданд, ки дар онҳо Комроншоҳ Устопириён иштироки фаъолона намуда, дар мусобиқаи Гран Прии Португалия сазовори медали биринҷӣ гардид.

АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво