25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Форуми иқтисодии Арабистони Саудӣ зарфияти тиҷоратӣ ва иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон муррифӣ шуданд

227
Дар Форуми иқтисодии Арабистони Саудӣ зарфияти тиҷоратӣ ва иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон муррифӣ шуданд Дар шаҳри Риёз 15 феврал бо ташаббуси Федератсияи палатаҳои савдо ва саноати Подшоҳии Арабистони Саудӣ Форуми иқтисодӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид, ки дар он ҷониби Тоҷикистон низ иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни суханронӣ дар форум Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ имконияту зарфияти иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, иқтидорҳои гидроэнергетикӣ, кишоварзӣ, саноатӣ ва сайёҳии Тоҷикистон ва инчунин имтиёзҳои фискалиеро, ки дар қонунгузории кишвар барои сармоягузорони хориҷӣ пешбинӣ шудаанд, муаррифӣ намуд.

Дар ҷараёни чорабинӣ навори видеоӣ дар бораи фазои сармоягузории Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.

Дар ин ҳамоиш инчунин сафирони Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон дар Риёз, роҳбарият ва аъзои Федератсияи палатаҳои Арабистони Саудӣ, масъулони Бонки рушди исломӣ, Фонди рушди саудӣ ва намояндагони беш аз 50 ширкати бахши хусусии кишвари иқомат ширкат варзиданд.

АКС: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво