Саттор Турсун аз зумраи он аҳли илму адаби тоҷик аст, ки дар аксар навиштаву мусоҳибаҳои худ перомуни ҳувияти миллӣ, ватандӯстиву ватанхоҳӣ, ҳифзи сарватҳои маънавӣ бисёр бодард ва дилсӯзона андеша меронад.
Панҷ сол пеш хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Саттор Турсун, Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии мукофоти ба номи Рӯдакӣ, муаллифи зиёда осори мондагор чун «Се рӯзи як баҳор», «Зиндагӣ дар домани талҳои сурх» ва «Сукути қуллаҳо» мусоҳибае ороста буд аз боби неъматҳои муқаддаси мо ба мисли ватандӯстӣ ва Истиқлолу Ваҳдати миллӣ. Ин мусоҳиба 3 майи соли 2016 дар сомонаи мо дарҷ гардидааст. Он афкоре, ки адиби забардаст дар ин мусоҳиба баён доштааст, имрӯз ва фардо низ дархӯри замон хоҳанд буд ва аҳамияти худро гум нмекунанд. Аз ин лиҳоз ҷоиз аст матни онро имрӯз, дар рӯзи мавлуди устоди сухан бори дигар пешкаши хонандагон намоем.
Саттор Турсун: «Ватанро беш аз пеш дӯст дорем»
— Вожаи «истиқлол»-ро ҳар кас ба таври худ тафсир мекунад. Шумо дар мавриди ин мафҳум ва имрӯзу ояндаи Тоҷикистон чӣ андеша доред?
— Ба истиқлол расидан, барои ҳар инсони хушфаҳм, пеш аз ҳама, мояи ифтихор аст. Ифтихор аз Ватан, аз таърихи ибратомӯзи миллат, аз забони ноби модарӣ, ки дар муҳити ҳамин Ватан бештар такомул меёбад. Ба истиқлол пайвастан инсони огаҳро ба худшиносии шоистаи миллӣ мебарад. Соҳибистиқлол будан дар байни зиёда кишварҳои олам бо сари баланд зистан, аз ватандории худ фараҳ бурдан, таърихи ниёгонро поянда доштан ва то ҳадди имкон дар роҳи рушди Ватани хеш хидмат кардан аст.
Бо вуҷуди камбудиҳое, ки ҳоло дар зиндагӣ ба назар меоянд, дар раванди сохтмони демократӣ ҳамарӯза барои ҳаёти осуда кӯшиш карда, бовар дорам, ҳатман ба орзуву ормонҳои худ мерасем. Ба шарте, ки се чизро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем: аввало, эътибор ба Ватан, дуюм- эътимод ба конститутсияи худ, сеюм- эҳтиром ба Сарвари кишвар, ки интихоб кардаем ва Пешвои худ медонем. Танҳо дар ҳамин маврид метавонем ба Ватан хиёнат накунем, таърихи халқамонро азиз донем ва урфу одат, расму оин, умуман ҳар чизи хуби миллатамонро, ки тӯли ҳазорсолаҳо ба мо расидааст, эҳтиёт кунем. Албатта, агар зиндагии бароҳат мехоҳем, то метавонем худамон пайваста заҳмат кашем. Заҳмат кашидан фақат каланд задан, кӯча рӯфтану мошин шустан ё дар бозор нишастан нест. Хондану омӯхтан, худро тарбия кардан, аз рисолати инсонии хеш хабар ёфта, мураккабиҳои дунёро шинохтан ҳам заҳмат аст.
— Шояд ба вазъи пуртазоди сиёсиву иқтисодии ҷаҳони муосир ишора мекунед?
— Имрӯз бе гумон дар як олами тӯфонӣ ба сар мебарем.Ҳоло дар дунё ҷангҳои шадид идома доранд, ки аз тариқи терроризм ҳатто Аврупоро дар бар мегиранд. Он чӣ дар Миср рух доду дар Либия ё, масалан, дар Яману Нигерия идома меёбад ва қатлу ғорате, ки аз Ироқ шурӯъ шуда, ба Сурия доман густурд, дар маҷмӯъ ҷанги шадидест, ки сарону сарварони ниҳоят дурбин дорад. Фикр мекунам, асосгузорони ин пархоши бемисл на танҳо аз Шарқ, балки аз Ғарб низ бархостанд. Мехоҳем ё не, имрӯз набарди абарқудратҳо сар шудааст ва ин хатар нафақат ба мо, балки ба ҳама кишварҳои олам низ таҳдид мекунад. Аз ин ҳолат танҳо муҳаббат ба обу хоки диёр метавонад моро наҷот бахшад. Пас, ватандӯстӣ барои мо аз ҳама муҳим аст, бахусус, ки пайванди мустақим дорад ба истиқлолият. Вақте инсон ватанашро муқаддас медонад, вай, албатта, онро бо ҳама чизаш мепарастад: бо кӯҳҳо, ҳамвориҳо, чашмаву дарёҳо, ҷангалу хушкиҳо ва ҳатман бо он ҷамоате, ки дар ҳамин Ватан зиндагӣ мекунад. Яъне, бе миллатгароии маҳз ҳам кас метавонад миллаташро самимона дӯст дорад. Ғайр аз ин, набояд фаромӯш кунем, ки мо, тоҷикон, як дунёи дигари бузурге ҳам дорем, ки онро метавон “сарзамини фарҳангии худамон” номид.
Зеро имрӯз чӣ дар ғарби Чин, чӣ дар ҷануби Қазоқистон ё Қирғизистон, чӣ то сарҳадҳои шарқи Туркманистону чӣ дар тамоми Ҳиндустон, чӣ дар кулли Ӯзбекистон ё Эрону Афғонистон забони муқтадири тоҷикӣ садо медиҳад. Бо ин забон сурудҳо танин меандозанд, одамон суҳбат мекунанд, маъракаҳо мегузаронанд, мехонанду менависанд. Пас мо дар назди он тоҷиконе, ки берун аз марзи Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагӣ доранд, низ масъул ҳастем. Хусусан дар иртибот ба фарҳанг. Чунки имрӯз воситаҳои ахбори умум ниҳоят тараққӣ кардаанд ва ҳар кас метавонад бо мадади технологияҳои рақамӣ телевизиони моро бубинад, радиои моро шунавад, рӯзномаҳои моро ба мутолиа гирад, аз илму адабиёти мо хабар ёфта, аз суруду мусиқии мо ҳаловат барад. Яъне миллати тоҷик чандон сода нест. Миллате мебошад, ки дар тӯли камобеш ҳазор сол ҳатто ба пешрафти илму адаб ва фалсафаи мамлакатҳое ба мисли Олмон, Фаронса ё Италия таъсир дошт. Ҳамон миллатест, ки, масалан, ҷойгоҳи фарзандони фарзонааш Имом ал-Бухорӣ ё Ҷалолиддини Балхӣ дар дунёи мардуми мусулмон як кӯҳи осмонсоро мемонад. Аз ҷумла, дар баъзе кишварҳои Ғарб низ. Агар таърихамонро равшан пеши назар орем, агар фикр кунем, ки гузаштагони мо кӣ буданд, пас, албатта, лоиқи имрӯза Истиқлоли воқеии худ ҳастем.
Ва ниҳоят, агар имону инсоф дорем, дар ҳақиқат, агар мардем, бонангу номусем, пиру ҷавон бояд ба ин Истиқлолият торафт таҳким бахшем.
— Шумо аз мавриди ватандӯстӣ ва худшиносӣ гуфтед. Чӣ гуна метавон ин ду эҳсосро дар вуҷуди инсонҳо, бахусус дар дили насли ҷавони мо бедор кард?
— Фикр мекунам, ҳар як ҷавон, то ин ки ба марзи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ расида тавонад, пеш аз ҳама, зарур аст аз ҳоли ҷаҳон бохабар бошад. На танҳо аз таърихи ростини миллати худ, балки аз таърихи дигар халқҳои олам ҳам огаҳ гардад. Донад, ки барои соҳибватан шудан ё соҳибватан мондан чӣ мардумоне ҷон ба рӯи каф гирифта, ба соҳибватанӣ ва худогоҳӣ нарасида ё ватани хешро ҳифз карда натавониста, бо чӣ аламҳо аз байн рафтаанд. Вақте мо сарнавишти миллати тоҷикро, ки баъд аз суқути Сомониён дар муддати ҳазор сол на танҳо зинда монд, балки ҳатто ба бегонагон тариқи давлатдорӣ омӯхт, дониста, пеши назар меорем, нек мефаҳмем, ки ин гуна мардум меарзад на фақат аз худаш ифтихор кунад, балки лоиқи эҳтироми бузурге дар назди фарҳангиёни олам низ бошад.
Бо вуҷуди ҳар гуна иғво ва дағо, бо вуҷуди кӯшиши афроду гурӯҳҳои алоҳида дар роҳи расидан ба мақсадҳои нопок ва истифодаи онҳо аз ҳама гуна пастиҳо, ҳатман дар дунё донишмандон ва хоса ашхоси некназаре ҳастанд, ки аз таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик огаҳӣ доранд. Онҳо бо чашми интизор ба мо нигариста, албатта, фикр мекунанд, инак ба кадом ояндае мерасида бошем. Миллате, ки дар муддати дуру дарози таърих на танҳо мурда-мурда зинда монд, балки дар ҷараёни ҳамин зиндагии пуразоб асарҳои оламшумул низ офарида, то ба ҷаҳониён расонд, боз чӣ корҳои шоиста карда метавонад.
— Пас оламиён ҳамеша ба мо таваҷҷуҳ доштанд?
— Бале. Ва ин ҳақиқатро набояд фаромӯш кунем. Ба он мақолаҳои пурғараз, ба он гуфторҳое, ки тавассути интернет паҳн мегарданд, ба он даъвоҳое, ки гӯё як миллати камшуморему дар диёри хурде зиндагӣ дорем ва дар оянда бояд бо дигарон пайванд гирем, ҳаргиз бояд бовар накарда, пеш аз ҳама, ба ободии кишварамон машғул бошем. Бояд ҳеҷ гоҳ шаҳомати таърих ва фарҳанги худро аз даст надиҳем.Зеро ақида дорам, азбаски дар муқоиса бо аҳолии чандин мамлакати дигар камшуморем, танҳо дар паноҳи фарҳанги шоистаи худ зинда мемонем. Фарҳанги асил ҳамон қудрати бузургест, ки метавонад дами тиру шамшерро гирад. Наполеон, ки як лашкаркаши номвари олам буд, беҳуда нагуфтааст: ман дар пеши ягон қалъа таслим нашудаам, ба ҷуз қалъаи сухани муҷалло.
— Аммо баъзе бадхоҳони ҳангоматалаб камбудиҳои ночизеро байрақ сохта, аз таги нохун чирк меҷӯянд ва гумон мекунанд бо ин рафторашон нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ поён мебаранд…
— Мутаассифона, мо ҳоло каму кости зиёд ҳам дорем. Аммо шумо кадом мамлакатро гуфта метавонед, ки камбудӣ надошта бошад? Аз Амрико сар карда, то Эрону Чину Русия. Дар ҷое, ки зиндагӣ ҳаст, ҳатман камбудӣ низ мешавад. Лекин барои мо бисёр муҳим аст, ки иқтисодамонро муттасил ривоҷ дода, бар асоси он илму адабамонро бештар таҳким бахшем. Бояд ҳамон миллате бошем, ки фарҳанги шоиста дорад ва бо чеҳраи равшан, бо ҳусни тоҷикии худодод ба мардуми кишварҳои неруманди дунё рӯбарӯ истода, метавонад аз мақоми хеш ифтихор барад.
— Борҳо фикри шуморо дар мавриди сулҳи тоҷикон шунидаам, бо диққат хондаам. Оё бо гузашти солҳо нигоҳи шумо ба ин сулҳу салоҳ тағйир наёфтааст?
— Дар иртибот ба сулҳи “деринтизори мо” (ба қавли Лоиқ) андешаҳои худро на як бору ду бор баён доштаам ва то ҳол фикр мекунам, ки ақидаам дуруст буд. Имрӯз метавонам ҳатто бештар бигӯям. Зеро воқеан ҳам дар роҳи ба сулҳу салоҳ расидан хидмати абармарди миллати мо Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Ман, ки як муддати кӯтоҳ, дар ибтидои фаъолияти ӯ котиби матбуоти дастгоҳи Сарвари давлат будам ва аз наздик ин марди ҷасурро мешинохтаму имрӯз ҳам аз иродааш хуб огаҳам, баръало дидаам: вай аз ҷони худу пайвандони хеш ва аз умри ҷавонаш фикр накарда, чӣ тавр фидокорона моро ба доираи ҳамин сулҳу салоҳ расонд.
— Тахмин понздаҳ сол пеш дар як мусоҳиба бо сармуҳаррири ҳамонвақтаи рӯзномаи «Вечерний Душанбе» Саидалӣ Сиддиқ шумо Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мукофоти Нобелӣ сазовор дониста будед. Ҳоло ҳам дар ин фикр устуворед?
— Бале, боз як бор такрор мекунам, ки дар ҳақиқат Эмомалӣ Раҳмон лоиқи мукофоти сулҳи Нобелӣ буд ва ҳаст. Ман ин фикрро пештар, соли 1998, дар як мақолаам ба унвони “Таҷовузи нохалаф ва худшиносии миллӣ” низ баён доштаам. Ҳаждаҳ сол қабл… Вале гоҳо ҳамин мукофоти олӣ ҳам дар миёни бозиҳои сиёсӣ қарор дорад. Шояд барои худбинӣ аз мамлакатҳои Скандинавия ҳатто нависандагоне ҳастанд, ки мукофоти Нобелӣ доранду баъзе асарҳои онҳоро хонда намешавад. Лекин дар олами Шарқ ба мисли Чингиз Айтматов нависандагони бузурге шоиста эҷод карда, ба он даргоҳ роҳ ёфта наметавонанд. Албатта, касоне ҳам ҳастанд, ки гӯё онҳо меарзанду бояд мукофоти Нобелӣ мегирифтанд ва бешармона, чӣ тавре имрӯз мегӯянд, “пиар” месозанд.Лекин онҳо дурӯғ мегӯянд. Шахсе агар воқеан лоиқи чунин мукофоти олӣ бошад, ҳеҷ гоҳ аз боби худ ин гуна андеша намеронад ва чунин гапҳоро паҳн ҳам намекунад. Одамони боистеъдод мисли Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои миллати мо машғули кори асосии хеш, одатан басабру таҳаммуланд.
Хуб, гап аслан дар мукофот ҳам нест. Воқеан, падари адабиёти рӯи дунё қариб дар дусад соли охир Лев Толстой ҳам мукофоти Нобелӣ надошт. Ба ин чӣ мегӯед? Ҳарчанд баъди таъсиси он мукофот боз даҳ сол умр дида, асарҳои ӯ монанди “Анна Каренина” ё “Ҷанг ва сулҳ” дунёро тасхир карда буданд. Мутаассифона, ин гуна бозиҳо ҳастанд. Умуман дунё пур аз бозӣ. Боз таъкид мекунам, ки дар ҷодаи пешрафти миллати мо ва таҳкими кишвар чунин гиреҳҳоро низ шинохта тавонистан ба ҳар як ҷавони тоҷик ҳам фарз ва ҳам қарз аст. Агар ба қадри истиқлолу ваҳдати миллии худ нарасем ва надонем, ки олам ҳамин гуна ноҳаққиҳо ҳам дорад, дар ин дунёи тӯфонӣ метавонем зуд пешпо хӯрем. Алалхусус ҷавонони мо, ки ба ватандӯстии онҳо эътимод дорам, бояд барои дафъи ҳар навъ хатар омода бошанд. Вақте ки хоки ватанамонро азиз медонем, он гоҳ Ватан ҳам поянда мемонад, сулҳу салоҳе, ки бо азобҳо ба даст овардем, низ бардавом хоҳад буд ва истиқлолияти мо ҳам газанде намеёбад. Имрӯз Ватанамонро беш аз пеш ва самимона бояд дӯст дорем.
— Шумо аз қадру қимати сулҳи тоҷикон гуфтед. Дар ҷумҳурии мо солҳои навадум гурӯҳҳои манфиатталаб ҷавонони гумроҳ ва одамони ноогоҳро зери мақсадҳои харобиовари худ ҷамъ оварданд, ки боиси ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Дар Сурияву Ироқ ҳам имрӯз бисёре аз силоҳбадастон аз ҳамин тоифаанд. Метавон нооромиҳои оғози даврони истиқлоли мо ва ҷангҳои имрӯза Ховари Миёнаро як чиз донист. Ҳамин тавр не?
— Бале, дар ҳар ду маврид ҳам нафарони манфиатхоҳ мехостанд ва мехоҳанд гулистонро ба хористон табдил дода, ба қасру кӯшкҳо расанд, дур аз тараҳҳуму одамият зиндагӣ кунанд. Инсон агар худхоҳу худбин бошад, ба ҳама гуна гурӯҳу ҳизбҳои ифротӣ дохил гардида, аз хиёнат ба ватан даст намекашад, аз бозичаи дасти абарқудратон шудан шарм намедорад. Рӯзгори каме душвори худро баҳона оварда, барои дарёфти пули бештар аз хун рехтан низ рӯй намегардонад. Ва, албатта, онҳое, ки хоки Ироқро бехтанду Сурияро ба вартаи ҳалокат кашонданд, нафароне мебошанд, ки, пеш аз ҳама, дунёталабанд. Ҳаргиз мусалмон нестанд. Ҳамон беимонҳои раҳгуманд, ки ҳатто аз фармудаҳои худованду расули барҳақи ӯ -ҳазрати Муҳаммад қатъи назар карда, аз боби дину шарафи мусулмонӣ гапҳои дурӯғ мезананд. Ва таҳ ба таҳ риёкор, бадандеш, дур аз ҳунарҳои шоистаи инсонӣ, дар маҷмӯъ як тӯдаи дунёталаб ва хуношоманд.
— Дар ин мавзӯъ суҳбате ҳам доштед дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» таҳти унвони «Ман ин гуна мусулмон будан намехоҳам!»…
— Алҳамдуллилоҳ, як нафар мусулмонам, Қуръон мехонам, забони арабиро то ҳадде медонам. Доир ба дину адаб ва фалсафаву таърих зиёда китобҳо хондаам. Ва аз ин ҳама ифтихор дорам. Лекин вақте ки дини дигареро наҳ мезананд, вақте ту яҳудӣ ё зардуштӣ гуфта, фарзанди инсонро ба қатл мерасонанд, вақте аз дастовардҳои илму технологияҳои олам даст каш, мегӯянд, воқеан ҳам чунин мусулмон будан намехоҳам. Ё ҳаргиз салафӣ ва гурӯҳбоз будан намехоҳам. Салаф, масалан, қадими қадим ё асли асл аст. Асли асл чист, ҳамон даврони ҷоҳилия? Баргаштан ба он замоне, ки фақат писар ёбаму ба ҷои ман кор кунад, рафту духтар ёбам, ҳамон лаҳза ӯро зери хок мекунам? Ҳамин аст қадими қадим, асли асл? Охир, Қуръонро ҳам бо эҳтирому ҳам бо эътибор хондан лозим. Фармудаҳои барҳақи худованд ва ҳадисҳои поки пайғамбарамонро набояд ба фаромӯшӣ дод.
— Шумо хеле бадард дар ин бора сухан мегӯед ва воқеан ҷои таассуфи зиёд ҳам ҳаст, ки дар чанд соли охир гаравидани ҷавонони мо ба гурӯҳҳои тундраве, амсоли «Давлати исломӣ» ва ғайра ба назар мерасад. Ин аз чӣ бошад? Чӣ чиз як ҷавони тоҷикро маҷбур мекунад, ки мароми зиндагӣ, зану фарзанд ва падару модарашро канор гузораду равад ба ҷое, ки аслан на ҷиҳод, балки одамкушии маҳз аст?
— Шояд сабабаш бесаводӣ, ҳатто бедонишӣ ва ноогаҳӣ аз кори ҷаҳон бошад, ки онҳо ба чунин роҳи пурхатар мераванд. Хайр, агар мусулмон бошӣ, оё Тоҷикистон мамлакати мусулмонӣ нест? Мадраса мехоҳӣ, чӣ қадар масҷид мехоҳӣ, муҳайёст. Кор кун, зиндагии обод ба сар бар, рӯзгоратро соз. Боз мегӯям, ки агар инсон нанг дорад, ҳатто бо кори шоиста таъмин набошад ҳам, ба умеди ояндаи нек дар ватани худаш сабр карда метавонад. Агар ору номус ва муҳаббат ба халқу Ватанаш бошад, барои мақсади касифи дигарон дар марзу буми бегонаҳо ҷонашро дар хатар намегузорад. Ин тундравон ё иллатҳои равонӣ доранд ё шояд бо маблағ ё воситае аз гурӯҳҳои террористӣ муттаҳам шудаанд, ки ки даст ба силоҳ зада, аз ояндаи хеш, аз обрӯву эътибори падару модар, бародару хоҳар, инчунин ягона Ватани худ андеша намекунанд.
— Соли гузашта пас аз ҳамлаҳои террористӣ дар Аврупо як нависандаи фаронсавӣ романе навишт ба ин маънӣ, ки агар дар кишвараш исломгароҳо ба сари қудрат оянд, вазъи он чӣ гуна мешавад. Шумо агар чун суханвари баркамол романе дар ин мавзӯъ менавиштед, зиндагии моро чӣ гуна тасвир мекардед?
— Фикр мекунам, он гаҳ шояд дар як олами тира мемондем. Эҳтимол ба иғроқ гуфтам. Лекин агар исломгароҳое, ки охири солҳои ҳаштодуми асри гузашта пайдо шуда, як муддат моро гирифтори ҷанги бародаркуш карданд, рафту ба сари ҳокимият меомаданд, мумкин аст, имрӯз ҳоламон аз Сурия беҳтар намебуд. Чунки хоҳ — нохоҳ дар мамлакати мо қисми зиёди мардум дар тазйиқи ифротгароҳо зиндагӣ кардан намехоҳанд. Ва агар онҳо ҳокимиятро ба даст мегирифтанд,ҷанги шаҳрвандӣ, баръакс, дуру дароз давом мекард. Зеро на ҳар тоҷик мутеъ будан мехоҳад. Яъне мо табиатан мардуме ҳастем, ки аз озодӣ ва мафкураи худ дифоъ карда метавонем. Алалхусус, ки тафаккури мо дар ин сад соли охир хеле дигар шуд. Ҳам рукнҳои мусулмониро хуш қабул дорем, ҳам мафкураи пешсафи оламро. Тоталитаризми исломӣ халқро аз тараққӣ кардан, ман дар назар дорам аз рушди фикрӣ ва маънавӣ, боздошта, ба садсолаҳои гузашта мебурд.
— Роҳи пешгирифтаи миллати мо инкор накардани арзишҳои динӣ ва дар ин баробар эътирофи равандҳои дархӯри ҷаҳони муосир аст. Шояд ин ягона воситаи рушду нумуи миллат бошад?
— Бе шубҳа. Бо ташаббуси мудоми Сарвари давлатамон мо ба бисёр орзуҳои худ расидем. Масалан, сохтани роҳҳои нави замонавӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ берун овардани ҷумҳурӣ, дарёфти истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва қадамҳои устувор дар роҳи рушди иқтисодӣ аз ҳамин ҷумлаанд. Албатта, муваффақ шудан дар ин корҳо осон набуд.
Имрӯз ба мо зарур аст, ки хотирро ҷамъ гирифта, худро соҳиби ҳамин Ватани азиз дониста, ба умеди ояндаи боз ҳам ободи он муттасил заҳмат кашем. На танҳо аз дастовардҳо хурсанд шуда, фақат вирди забон кардан, балки аз камбудиҳо низ гуфта, барои ислоҳи онҳо кӯшидан лозим. Дилсӯзона, ватандорона ва миллатдӯстона. Он гоҳ нафаре наметавонад ба мо эрод гирад.
Мусоҳиб
Баҳманёр МУРОДӢ