25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Узбекистон қарор дорад

192
Гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Узбекистон қарор дорад 14 феврал гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Абдуғаффор Раҳмонзода ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуд, ки мақсади он омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар самти рақамикунонии хизматрасониҳо барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ тибқи талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар, ҳамчунин табодули таҷриба дар расонидани кумаки амалӣ ҷиҳати бо кор таъмин кардани хатмкунандагони курсҳои омӯзишӣ мебошад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

14 феврал ҳайати гурӯҳи кории вазоратро муовини якуми вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Узбекистон Эркин Муҳитдинов ба ҳузур пазируфт, ки зимни суҳбат масъалаҳо доир ба рушди ҳамкории минбаъда баррасӣ гардиданд.

Дар ин қабул ҳайати гурӯҳи кории вазоратро Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳамроҳӣ намуд.

Сафари гурӯҳи кории вазорат то 18 феврал идома меёбад, ки аз ҷараёни он иттилоъ хоҳем дод.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво