Баланд бардоштани маърифати истифодаи захираҳои обӣ масъалаи муҳим ва мубрами ҷаҳони муосир аст
1167
Конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Об-омили рушди устувор» дирӯз дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати кишвар баргузор гардид.
Диловар Қодирзода, ректори донишкадаи мазкур таъкид намуд, ки имрӯз баланд бардоштани маърифати истифодаи захираҳои обӣ масъалаи муҳим ва мубрами ҷаҳони муосир ба шумор меравад. Коршиноси масоили экологӣ Ҳасан Асоев Тоҷикистонро ташаббускори масоили истифодаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ номида, баён дошт, ки ҳадафи Сарвари давлат аз пешниҳодҳо агар аз як тараф, нишон додани мавқеи Тоҷикистон дар бартарафсозии муаммоҳои иқтисодӣ бошад, аз тарафи дигар, бартарафсозии муаммоҳои экологӣ дар ҳалли зиндагии осоиштаи мардум мебошад. «Сарвари давлат даҳсолаи навинро «Об барои рушди устувор» эълон кард. Амалигардонии андешаҳои Пешвои миллат афкори ҷадид ва татбиқи арзишҳои илмиро дар истеҳсолот тақозо менамояд. Моро зарур аст, ки дар ҳалли ин масъала ба неруи зеҳнии кишвари хеш такя намоем, то тавонем нақши кишварамонро дар сиёсати обии байналмилалӣ тарҳрезӣ намуда, дурнамои онро барои минтақа ва ҷаҳон баён намоем»,-илова намуд Ҳ.Асоев. sohibkoriНормат Ҳайбатов, сармутахассиси шуъбаи илм ва робитаҳои байналмилалии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат вобаста ба мавзӯъ чунин иброз дошт: «Масъалаи об масъалаи хеле муҳим буда, ҳаёт дар заминаи об ба вуҷуд омадааст. Ҳама эҳтиёҷ ба об доранд. Тоҷикистон ташаббускори асосии баргузор шудани симпозиуму қабул шудани қатъномаҳои СММ дар масъалаи об аст. Хушбахтона, рӯзи пешниҳоди Паёми Пешвои миллат Қатъномаи навбатии СММ оид ба эълон намудани Даҳсолаи навбатӣ доир ба амалиёти об барои ҳаёт қабул шуд. Ин барои рушди минбаъда иқдоми навро ба вуҷуд меорад. Таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба кишвари мо аз пештара бештар мегардад ва онҳо тариқи ин иқдом моро беҳтар хоҳанд шинохт. Ман ифтихор мекунам, ки ин иқдомҳо маҳз аз ҷониби Сарвари кишвари мо ба миён меоянд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ӯро чун сиёсатмадор, ташаббускор ва шахсияти созанда эътироф кардааст»,-афзуд Н.Ҳайбатов.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |