25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имрӯз Кумитаи забон ва истилоҳот, Кумитаи кор бо занон ва оила, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва дигар идораҳо нишасти матбуотӣ доир менамоянд

252
Имрӯз Кумитаи забон ва истилоҳот, Кумитаи кор бо занон ва оила, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва дигар идораҳо нишасти матбуотӣ доир менамоянд Имрӯз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ», ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» оид ба ҷамъбасти соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳот соати 08:30 дар маҷлисгоҳи МД «Тоҷикфилм» (кӯчаи Беҳзод,25) баргузор мешавад.

Нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оила соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Кумита (кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо, 3, собиқ бинои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) доир мешавад.

Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм нишасти матбуотиро соати 11:00 дар Агентӣ (кӯчаи С.Айнӣ, 26) доир менамояд.

Нишасти матбуотии ШСХК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ», ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» соати 15:00 дар толори ШСХК «Барқи Тоҷик» барпо мегардад.

Мувофиқи нақшаи тасдиқшуда, масъулини вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигаре, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа намоянд (хиёбони С.Шерозӣ 16, ошёнаи 2, тел: 238-54-23, 888-08-34-04 )».




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво