29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Чин миёни кишварҳои сармоягузор ба Тоҷикистон пешсаф аст

199
Чин миёни кишварҳои сармоягузор ба Тоҷикистон пешсаф аст Дар соли сипаригардида ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 700 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки аз он 340 миллион долларро сармояи мустақим ва 370 миллион долларро дигар намуди сармояҳо ташкил медиҳад.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки воридоти сармояи хориҷӣ нисбат ба соли 2020 тамоюли афзоиш дошта, дар маҷмӯъ зиёдшавӣ ба маблағи беш аз 280 миллион доллар ё 1,7 маротиба, аз ҷумла сармояи мустақим 179,7 миллион доллар ва дигар намуди сармояҳо беш аз 110,6 миллион долларро ташкил медихад.

Дар воридоти сармоя ба Тоҷикистон Чин пешсаф буда, бо 236 миллион доллар сармояи мустақим зинаи аввалро ишғол менамояд. Эрон бо 32 миллион доллар дар зинаи дуюм, Туркия ва Фаронса бо 25 миллион доллар дар мақоми сеюм қарор доранд.

Ҳамзамон ҳаҷми сармояи вориднамудаи Швейтсария ба Тоҷикистон 21 миллион доллар, Кипр 10 миллион доллар ва Британияи Кабир 6 миллион долларро ташкил медиҳад.

Дар маҷмӯъ, соли гузшта 35 давлати ҷаҳон ба Тоҷикистон сармоя ворид намудаанд.

Саъдӣ Қодирзода афзуд, ки сармояҳои мустақими воридгардида маҷмуан ба соҳаҳои истихроҷи маъдан -56,9 фоиз, саноати коркард- 9,9 фоиз, сохтмон- 2,1 фоиз ва ба дигар соҳаҳо 31,1 фоиз равона карда шудаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво