10 феврал дар шаҳри Риёз мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ дар умури бисёрҷонибаи байналмилалӣ Абдурраҳмон Ар-Рассӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
«Дар мулоқот даъватномаи расмӣ ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе баргузор мешавад, тақдим гардид», — таъкид намуданд дар ВКХ Тоҷикистон.
Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштаракро баррасӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки иқдоми чоруми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018 – 2028 дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавриди татбиқ қарор дорад. Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” дар соли 2022 ҳамчун чорабинии муҳими ҷаҳонии тадорукотӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои ин Даҳсола дар соли 2023 (Ню-Йорк) пешбарӣ мешавад.
Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд. Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.