17 июн 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Турсунзода: То ҷашни Наврӯз 120 омӯзгор ва 60 табиби эҳтиёҷманд соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ мегарданд

189
Турсунзода: То ҷашни Наврӯз 120 омӯзгор ва 60 табиби эҳтиёҷманд соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ мегарданд Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ намудани омӯзгорону табибон дар шаҳри Турсунзода то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 120 нафар омӯзгор ва 60 нафар табиб бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин карда мешаванд. Зеро тибқи маълумоти масъулини сохтори маориф ва тандурустӣ, омӯзгорону табибоне, ки барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ пешниҳод гардидаанд, дар ҳақиқат эҳтиёҷманданд. Ин матлабро раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.

Зимни нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва аҳолӣ 427 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аз ин иншоот 21 ададаш корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ мебошанд, ки дар онҳо 2083 нафар сокинони шаҳр бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Дар нишасти матбуотӣ изҳор гардид, ки дар доираи Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 дар назар дошта шудааст, ки дар шаҳри Турсунзода шумораи корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ аз 50 ба 80 адад расонида шавад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво