16 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2021 Тоҷикистон дили беш аз 290 ҳазор сайёҳи хориҷиро тасхир намуд

230
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2021 Тоҷикистон дили беш аз 290 ҳазор сайёҳи хориҷиро тасхир намуд Соли сипаригардида ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 296 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ташриф оварданд. Дар мамлакат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар бахши сайёҳӣ 290 субъекти хизматрасони сайёҳӣ фаъолияти густурда доранд. Аз ин омор 182 меҳмонхона, 30 адад хостел ва мотелҳо, 50 осоишгоҳ ва дигар марказҳои солимгардонӣ, муолиҷавӣ ва истироҳатӣ, кемпингҳо ва чор адад пойгоҳи сайёҳию истироҳатӣ ба сайёҳон хизмат мерасонанд.

Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти соли 2021 Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода баён намуд.

Тоҷиддин Ҷӯразода афзуд, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ соли гузашта фаъолияти худро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар доираи нақшаи чорабиниҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Стратегияи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2019-2022 бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имконияти сайёҳии кишвар дар дохил ва хориҷи мамлакат, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, беҳтар намудани симои сайёҳии ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори соҳа 40 чорабинии гуногунро дар сатҳи миллӣ ва байналмиллалӣ доир намуд.

Мавриди зикр аст, ки кумита ҳамкории байналмилалиро бо мақомоти сайёҳии кишварҳои хориҷӣ тавсеа бахшида, дар ин самт санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки дар рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳии мамлакат нақши муассир мегузоранд.

Дар анҷом Тоҷиддин Ҷӯразода ба саволҳои сершумори намояндагони воситаҳои ахбори омма посухҳои мушаххас дода, доир ба дурнамои самтҳои фаъолияти кумита дар соли равон изҳори назар намуд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво