19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ФАРҲАНГ — КАФОЛАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛИСТ». Таҳти ин унвон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ҳамоиш доир шуд

320
«Фарҳанг — кафолати ваҳдати миллист»-таҳти чунин унвон дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ доданд дар муассисаи мазкур ба АМИТ «Ховар». «ФАРҲАНГ — КАФОЛАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛИСТ». Таҳти ин унвон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ҳамоиш доир шуд

Дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбек Шамсиддинзода, раиси Шӯрои собиқадорони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Афзалов, чеҳраҳои саршиноси соҳаҳои фарҳангу санъати кишвар ва устодону донишҷӯёни донишкада ширкат варзиданд.

Зимни ҳамоиш ректори Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ иброз дошт, ки нақши Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва дар амал татбиқ намудани дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим арзёбӣ мегардад.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аз роҳи тӯлонӣ ва пурмашаққати расидан ба ваҳдати миллӣ ва ин рӯзҳои осоишта, саҳми Пешвои миллат дар истиқрори сулҳ, вазифаҳои муҳими давлату Ҳукумат, намояндагони фарҳангу ҳунар ва ҷавонон дар корҳои ободонии кишвар ёдовар шуд. Мавсуф нақши фарҳангиён ва аҳли ҳунарро дар пойдор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи сартосарӣ муассир хонд.

Орумбек Шамсиддинзода зикр намуд, ки “мардуми сарбаланди кишвар дар таҳкими ваҳдати миллӣ, мустаҳкам гардонидани пояҳои Истиқлоли давлатӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ азму иродаи қавӣ зоҳир менамоянд. Дар ин росто, аҳли фарҳанг ҳамеша пешсаф буда, дар тарбияи фарҳанги сиёсӣ, хештаншиносӣ, ифтихори миллии ҳар сокини кишвар саҳми арзанда мегузоранд”.

Зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ моро вазифадор месозанд, ки ба тарбияи ҷавонон бештар диққат диҳем. Аз ҷумла, таъкиди мазкури Пешвои миллат — «Насли ҷавон, ки ояндаи Ватан ва неруи бузурги кишвар мебошанд, бояд роҳи дурустро дар зиндагӣ интихоб намоянд ва барои ободу шукуфо кардани меҳани аҷдодӣ талош варзанд», — бояд шиори раҳнамунсози ҷавонон бошад.

Баъд аз суханрониҳо ва мулоқотҳои судманд аз тарафи раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон як гурӯҳ устодону кормандони донишкада барои саҳми арзанда гузоштан дар таҳкими ваҳдати миллӣ, татбиқи сиёсати давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тақвияти ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ, густариши фарҳангу маърифат ва ҳамкории судманд бо Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба ифтихори 25-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бо сипосномаи Кумита сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир ҳамчун армуғони фарҳангӣ барномаи ҷолиби консертӣ аз тарафи устодону донишҷӯёни донишкада ба меҳмонон ва иштирокдорони ҷорабинӣ пешкаш карда шуд, ки фарогири сурудҳои ватандӯстӣ ва оҳангҳои миллӣ буд.

АКС: «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво