23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба сокинони шаҳри Кӯлоб Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон шарҳ дода шуд

676
2 феврал дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вохӯрии масъулини шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мардумии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо фаъолону сокинони шаҳри Кӯлоб баргузор шуда, зимни он сатҳи иҷрои фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин», «Ғайриқонунӣ ба роҳ мондан ва гирифтани таълими динӣ» баррасӣ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.
Ба сокинони шаҳри Кӯлоб Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ваҳобзода, раиси Шӯрои собиқадорони вилоят дар минтақаи Кӯлоб С. Исмоилзода, муовини раиси суди вилоят Назрӣ Муҳамадвалӣ, сардори шуъбаи байниноҳиявии Раёсати Агентии маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб Азим Назризода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Муҳаммадӣ Шарифзода оид ба масоили зикргардида ибрози андеша намуданд.
Ба сокинони шаҳри Кӯлоб Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Барои дар сатҳи баланд амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ ва иҷрои бечунучарои қонунҳои дар ин самт татбиқгардида бояд чорабиниҳои оммафаҳмонӣ тақвият дода шуда, ҷиҳати маърифатнокии аҳолӣ аз тамоми воситаҳои фарҳангиву иттилоотрасонӣ самаранок истифода бурда шавад.

Зимни суҳбати ошкорову табодули андеша бо аҳли ҷамоати шаҳри Кӯлоб ҳозирин ташкили ин гуна вохӯриҳоро бо тамоми қишрҳои ҷомеа муфид арзёбӣ намуданд.

АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво