19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Вазири маориф ва илм аз озмоишгоҳҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дидан намуд

87
Имрӯз Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода аз озмоишгоҳи технологияҳои мошинсозӣ ва озмоишгоҳи ал-Ҷазарии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ боздид ба амал овард, иттилоъ дод сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт.

Дар ҷараёни боздид аз озмоишгоҳҳо Вазири маориф ва илмро муовини аввали Вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён ва муовини Вазири маориф ва илм Диловар Қодирзода ҳамроҳӣ намуданд.

Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Қудрат Давлатзода ба меҳмонон доир ба озмоишгоҳи технологияҳои мошинсозӣ ва озмоишгоҳи ал-Ҷазарӣ маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Зикр гардид, ки озмоишгоҳи технологияҳои мошинсозӣ дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар донишгоҳ бунёд гардида, дар он номгӯи зиёди дастгоҳ ва таҷҳизоти муосир ҷойгиранд. Озмоишгоҳ дар раванди таълим васеъ истифода шуда, донишҷӯён тавассути истифодаи он донишҳои амалии худро мустаҳкам месозанд.

Дар заминаи ҳамкории судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар донишгоҳ аввалин озмоишгоҳи ал-Ҷазарӣ дар Осиёи Миёна таъсис дода шуд. Озмоишгоҳи таълимӣ-истеҳсолӣ ба номи ал-Ҷазарӣ (Cezeri Lab)- ин маҷмӯи дастгоҳ ва таҷҳизоти рақамӣ мебошад, ки барои тарҳрезӣ ва тайёр намудани робот, инчунин дигар таҷҳизоти худидорашаванда (мехатроника) пешбинӣ гардидааст. Дар озмоишгоҳ зиёда аз 60 номгӯй дастгоҳ ва таҷҳизоти муосир ҷойгир буда, имкони амалӣ намудани раванди технологии истеҳсол аз тарҳрезӣ то маҳсулоти тайёрро доранд.

Зимни боздид аз озмоишгоҳҳо кормандони илмӣ ба ҳайати меҳмонон имконияти амалии озмоишгоҳҳо, маҳсулоти дар озмоишгоҳ омодашуда ва дурнамои рушди озмоишгоҳҳои донишгоҳро намоиш доданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво