25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Рустами Эмомалӣ нахустин барандаи Ҷоизаи бонуфузи байналмилалии Wild Sheep Foundation гардид

187
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахустин барандаи Ҷоизаи бонуфузи Wild Sheep Foundation /WSF/ барои дастовардҳо дар ҳифзи Аргелӣ — гӯсфанди ёбоии Марко Поло аз Тоҷикистон гардид, иттилоъ дод Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерлизода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

Баҳодур Шерализода иброз намуд, ки «Бунёди гӯсфандони нодир» (The Wild Sheep Foundation) соли 2022 барои дастовардҳо дар ҳифзи гӯсфанди кӯҳии ёбоӣ мукофот таъсис дод. Лауреати аввалини ин мукофот, ки дар анҷумане дар шаҳри Ринои иёлоти Невадаи Амрико эълон гардид, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дониста шуданд.

Ин мукофот бояд фаъолияти шахс ё ташкилотеро қадрдонӣ намояд, ки дар ҳифзи гӯсфанди кӯҳии ёбоӣ саҳми муносиб гузошта бошад. Барои соҳиби ин мукофот шудан зарур аст, ки гирандаи он шаҳрванди яке аз кишварҳои макони зисти гӯсфанди кӯҳии ёбоӣ буда, барои нигоҳдории ин намуди ҳайвони нодир саҳми шоён гузошта бошад.


Рустами Эмомалӣ нахустин барандаи Ҷоизаи бонуфузи байналмилалии Wild Sheep Foundation гардид
Алҳол дар Тоҷикистон тақрибан 25 000 сар гӯсфанди кӯҳии Марко Поло ва 4000 сар бузи пармашох (Морхур) сукунат доранд.

Яке аз иқдомҳои муҳтарам Рустами Эмомалӣ ин мебошад, ки таҳти роҳбарии ӯ дар иҷрои Конвенсияи СИТЕС савдои устувори намудҳои ваҳшии ҳайвонот бо Иттиҳоди Аврупо, Амрико ва Канада ба танзим дароварда шуд. Шомил шудан ба Конвенсияи мазкур сабаби коҳиш ёфтани гардиши беназорат ва ғайриқонунии намудҳои нодири наботот, ҳайвоноти ёбоӣ ва ваҳшие мегардад, ки таҳти таҳдиди нестшавӣ қарор доранд.

Рустами Эмомалӣ нахустин барандаи Ҷоизаи бонуфузи байналмилалии Wild Sheep Foundation гардид

«Бунёди гӯсфандони нодир» (WSF), ки дар Бозмани иёлоти Монтанаи Амрико фаъолият дорад, соли 1977 аз ҷониби тарафдорон ва хоҳишмандони ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ таъсис ёфтааст. WSF зиёда аз 8500 нафар аъзоро дар тамоми ҷаҳон муттаҳид намуда, ҳимоятгари асосии гӯсфандони ваҳшӣ ва дигар ҳайвоноти нодири ваҳшии манотиқи кӯҳӣ ва муҳити зисти онҳо мебошад.

АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво